Қаҳрамони мо қаҳрамони Русия шуд

Хабари хуб 30.10.2009 18:10

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия оид ба гӯштии тарзи дзюдо Расул Боқиеви тоҷик унвони қаҳрамониро ба даст овардааст.

Ин мусобиқот дар шаҳри Налчики ҷумҳурии Қабардино Булқори Русия баргузор шуда, ки дар он беҳтарин гӯштигирони ин кишвар ширкат доштанд. Бино ба иттилои Федератсияи дзюдои Русия, дар ин мусобиқот Расул Боқиев дар вазни 73 килограмм ба рақибони шинохтаи худ, назири Олег Яшин, Владислав Михалин ва барандаи медали тиллои Ҷоми ҷаҳон Константин Заретский ғолиб омада ва соҳиби медали тилло шудааст.

Зимнан, Расул Боқиев дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат карда ва дар Бозиҳои Олимпии 2008 дар шаҳри Пекини Чин аввалин медалро барои Тоҷикистон оварда буд. Вале ахиран, Расул Боқиев Тоҷикистонро тарк гуфта, ҳоло дар шаҳри Маскав зиндагӣ ихтиёр кардааст. Ӯ шаҳрвандии Русияро низ дарёфт карда ва ҳоло дар мусобиқоти қаҳрамонии ин кишвар зӯрозмоӣ мекунад.

Ҳарчанд Расул Боқиев дар мусоҳиба бо хабарнигорон далели азиматаш ба Маскавро ба шароити беҳтари машқ, мураббиёни варзида ва пизишкони касбии бахши варзиш дар Русия арзёбӣ кардааст, вале коршиносон мегӯянд, ки бетаваҷҷуҳии масъулони Кумитаи Олимпии Тоҷикистон ӯро барои тарки ватан водор сохтааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97