Додситони қочоқбар дастгир шуд

Хабари хуб 23.10.2009 19:34

Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ як корманди Додситонии куллро дар қочоқи маводди мухаддир гумонбар медонад. Гуфта мешавад, ки ин корманди додситонӣ, ки номи вай эълом намешавад, ба ҳангоми интиқоли беш аз 127 киллограмм намуди мухталифи маводди мухаддир дар яке аз посгоҳҳои наздики шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Ҳарчанд ин додситон аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст, вале маъмурони интизомӣ тавонистаанд ӯро дар маҳалли дигари пойтахт боздошт кунанд.

Манбаҳои умури дохила хабар доданд, ки ин ҳодиса рӯзи чаҳоршанбеи 14 октябр дар посгоҳи роҳи "Варзоб" дар шимолии пойитахт рух додааст.

Маъмурони милиса сабукрави "Toyota Prada"-ро барои бозрасӣ манъ кардаанд. Дар посух ба тақозои боз кардани боғоҷи ин сабукрав, ронанда шаҳодатномаи додситониро нишон додааст. Вале баъд аз дархости дубораи намояндаҳои милиса, ин шахс аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст.

Кормандони БДА ба таъқиби ин шахс пардохтанд ва баъд аз фурсате дар маҳали дигари шаҳр ин сабукравро пайдо кардаанд, вале ронандаи он нопадид шуда буд.

Маъмурони милиса аз дохили сабукрав 119 кг тарёк, 9,5 кг бангдона ва 8 кг ҳашиш ошкор ва мусодира кардаанд.

Ҳамчунин аз дохили ин сабукрав шаҳодатномае аз ронанда низ пайдо шудааст, ки гуфта мешавад аз масъули назорати бахши Додситонии кулли Тоҷикистон дар умури ниҳодҳои амниятӣ будани ронандаи ин худрав шаҳодат медиҳад.

Дар пайи амалиёти вижа, ин шахс боздошт шуда ва ҷустуҷӯйи ду нафари дигари гумонбар дар ин қазия идома дорад.

Барои бори нахуст аст, ки чунин як масъули Додситонии кулл ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир боздошт мешавад.Ҳарчанд дар гузашта аз мавриди зиёди даст доштани маъумрони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар қочоқи маводди мухаддир гузоришҳо шуда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97