Маҳдудияти барқ дар баъзе манотиқи кишвар

Хабари хуб 15.10.2009 15:29

Дар бархе аз манотиқи деҳоти ҷумҳурӣ маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба манзили сокинон роҳандозӣ шудааст. Ҳарчанд интиқоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ ҳанӯз реҷабандӣ нашудааст, вале ширкати "Барқи тоҷик" ба манзури сарфаи барқ барои фасли сармо роҳандозии чунин маҳдудиятҳоро рӯйи даст гирифтааст. Ба ин манзур ҳатто чароғҳои бархе аз хиёбонҳои шаҳрҳо низ шабона равшан нахоҳанд буд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи душанбеи 12 октябр ба Би-би-сӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфтааст, ки реъҷаи интиқоли нерӯи барқ танҳо бо дастури Ҳукумати кишвар метавонад роҳандозӣ шавад.

Вале афзудааст, "Ширкати "Барқи тоҷик" тасмим гирифтааст, то замони иттихози чунин тасмим интиқоли барқро дар соатҳои "маъмулан шабона", ба сокинон ё муассисот, ки "чандон ба нерӯи барқ ниёз надоранд", маҳдуд созанд.

Ба ин тартиб, вақти мушаххасе барои реъҷабандии интиқоли барқ ба манзили сокинони деҳоти мухталиф вуҷуд надорад ва масъулони зидахл дар манотиқи мухталиф "дар соати камтарин истифода аз барқ" дар деҳоту навоҳӣ интиқоли онро маҳдуд мекунанд

Ба ин манзур, ба бахшҳои ин ширкат дар манотиқи кишвар дастур шудааст, ки "барои сарфаи нерӯи барқ тадобире рӯйи даст бигиранд."

Вай афзудааст, ки ҳоло тибқи тасмими раиси "Барқи тоҷик", ба куллияи корхонаҳо ва муассисот, ки барои истифода аз нерӯи барқ бидеҳкоранд, интиқоли барқ мутаввақиф шудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Ёдгорӣ, "Ҳоло шабона дар хиёбонҳои шаҳрҳо фурӯзонакҳо аз як самти ҷода равшан ҳастанд, ки ин тадбир низ ба манзури сарфаи барқ иттихоз шудааст."

Ҳарчанд, гуфта мешавад, ки захоири об дар обанбори НОБ-и Норак дар муқоиса бо соле қабл нӯҳ метр бештар аст, вале бо ин вуҷуд "Барқи тоҷик" бар ин назар аст, ки сарфаи барқ дар ин фасли сол, ки "ҳаво ҳоло чандон сард нест", муассир хоҳад буд.

Ҳарчанд, Вазорати энергетика ва саноат дар аввали моҳи гузашта ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда буд, ки дар ҳолати харидори барқи Туркманистон дар фасли сармои имсол интиқоли нерӯи барқ ба манзили сокинон ба сурати шабонарӯзӣ сурат бигирад.

Ба гуфти Нозирҷон Ёдгорӣ мавзӯъи харидории беш аз як млрд. киловот соат нерӯи барқ аз Туркманистон "мавзӯъи ҳалшуда маҳсуб меёбад". Вале дар мавриди интиқоли ин миқдор барқ аз қаламрави Узбакистон то ҳол музокирот идома дорад.

"Барқи тоҷик" изҳори умедворӣ мекунад, ки дар зимистони имсол таъмини сокинон бо нерӯи барқ "беҳтар аз солҳои қаблӣ хоҳад буд."

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97