Озодаи Эмомалӣ муовини вазири хориҷа

Хабари хуб 01.10.2009 17:54

Рӯзи сешанбеи 29 сентябр дар ҷаласаи ҳайъати ҳукумат, Озодаи Эмомалӣ муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон тайин шуд. Озодаи Эмомалӣ то ҳол дар вазорати хориҷа раёсати кунсулгариро ба ӯҳда дошт.

Инчунин Юсуф Султонебов муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, Акбар Файзов - директори корхонаи "Востокредмет" ва Усмоналӣ Усмонов - директори Маркази татбиқи барномаҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд.

Дар ҷаласаи ҳайъати давлати Тоҷикистон ҳамчунин Лутфулло Давлатов, раҳбари муассисаи давлатии "Тоҷиккино" ба раёсати шабакаи телевизиони давлатии "Сафина" тайин шуда ва Маҳмадсаид Пиров аз ин симат барканор ва ба симати мудири "Тоҷикфилм" тайин шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97