Нигаронии раиси вилояти Хатлон аз миробҳо

Хабари хуб 24.09.2009 14:35

Дар иҷлосияи 20-уми маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон вазъи хоҷагиҳои оби вилоят мавриди муҳокима қарор гирифт. Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов зимни маърӯзаи худ иброз дошт, ки ҳанӯз соли 2005-ум дар қаламрави Хатлон 28 ҳазору 341 га замин дар ҳолати бади мелиоративӣ қарор дошт.

Ҳамон сол қарори ҳукумати ҶТ "Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷа оид ба беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои обиёришавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба тавсиб расида буд, ки дар асоси он тӯли солҳои 2005-2006 ҳолати мелиоративии 13 ҳазор гектар замин беҳтар карда шуд. Дар ду соли баъдӣ бо маблағгузориҳо аз ҳисоби буҷаи ҳукумати марказӣ, даромади хоҷагиҳои об ва буҷаи маҳаллӣ ҳолати 9 ҳазор гектари дигар аз ин заминҳо беҳтар карда шудааст.

Раиси вилоят гуфт, ки дар ҷаласаи вакилони халқи вилоят муҳокима намудани ҳолати хоҷагиҳои оби вилоят ва роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳа бе сабаб нест. Зеро имрӯз қарзи умумии хоҷагиҳои об дар вилоят ба 94 млн сомонӣ баробар шуда, ҳолати техникии шабакаҳо ва пойгоҳҳои обкашии вилоят, чоҳҳои амудӣ дар ҳолати ташвишовар қарор дошта, ин вазъият ба ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ таъсири манфӣ расонидааст.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ дар таъмини шабака ва пойгоҳҳои обёрикунандаи хоҷагиҳои оби вилоят бо нируи барқ ҳисобу китоби дуруст нест. Дар ҳудуди вилояти Хатлон 1100 адад насосҳои обкаш арзи вуҷуд дорад, ки дар ҳифзу нигоҳубин ва назорат аз рӯи кори ба иҷро расонидаи онҳо ҳукуматҳои ноҳияҳои кишоварзӣ беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Ғайбулло Афзалов сабаби асосии афзоиши қарзҳои хоҷагиҳои обро дар он мебинад, ки кормандони барқ оид ба истифодаи нируи барқ чи гуна ҳисоботеро, ки ба масъулини хоҷагиҳои об пешниҳод намоянд, ҷониби дигар бечунучаро ба он имзо гузошта, қарзҳои гаронро бар сари хоҷагиҳои деҳқонӣ бор мекунанд.

Аммо сабаби афзоиши қарзҳоро раиси вилояти Хатлон дар бемасъулиятии худи роҳбарони ноҳиявии хоҷагиҳои об мебинад, ки дар вақти имзо мондани санадҳо оид ба истифодаи нируи барқи насосҳои обкаш беэътиноӣ зоҳир менамоянд.

Тафсилоти бештар дар ин мавридро дар шумораи оянда интизор бошед.

Ҷамолиддини Усмониён "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97