350 беватан ва шаҳрвандони СССР дар Тоҷикистон

Хабари хуб 24.09.2009 14:35

Дар Тоҷикистон ҳудуди 350 нафар афроди беватан ва ё касоне, ки мақоми шаҳрвандии ҳеч кишвареро надоранд, сабти ном шудаанд. Вале манобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки теъдоди воқеъии чунин афрод бамаротиб бештар аз ин аст.

Гуфта мешавад, дар канори афроди хориҷӣ теъдоди зиёде аз сокинони Тоҷикистон низ ҳанӯз аз замони касби истиқлол дар соли 1991 ба ин сӯ шаҳрвандии Тоҷикистонро дарёфт накардаанд ва ҳамчунон шиносномаҳои Шӯравӣ доранд.

Ин мавзӯъ дар як мизи гирд, ки рӯзи 18 сентябр дар пойтахти кишварамон баргузор шуд, баррасӣ шуд. Коршиносон бар онанд, ки дар Тоҷикистон то ҳол вазъи воқеии марбут ба афроди бидуни шаҳрвандӣ мушаххас нашудааст.

Дилором Қодирова, сардори бахши шаҳрвандӣ дар Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки дар зарфи се соли ахир 341 нафар аз афроди бидуни шаҳрвандӣ, ки аз хориҷ вориди Тоҷикистон шудаанд, барои дарёфти мақоми шаҳрвандии Тоҷикистон сабти ном шудаанд.

Зимнан, ҳар фарди бидуни шаҳрвандӣ барои дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистон бояд муддати панҷ сол дар кишвари мо иқомат дошта бошад.

Ба гуфтаи Дилором Қодирова, аз аввали соли ҷорӣ барои дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистон 18 нафар аз афроди бидуни шаҳрвандӣ ба ниҳодҳои марбута муроҷиат кардаанд ва дар мавриди панҷ нафари онҳо тасмим гирифта шудааст. Ӯ мегӯяд, ки дар чанд соли ахир муроҷиати шахсони беватан ё бидуни мақоми шаҳрвандӣ барои дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистон аз Русия, Узбакистон ва Қазоқистон дар ҳоли афзоиш аст.

Аммо Абдуқодир Исматов, муовини раиси бахши ҳуқуқи инсон дар дафтари раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ки ироаи шаҳрвандӣ ба хориҷиён ва афроди бидуни шаҳрвандӣ дар салоҳияти раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи ӯ, дар таҷрибаи чандсолааш то ҳол мавориди муроҷиати афроди бидуни шаҳрвандӣ ба раёсати ҷумҳурӣ мушоҳида нашудааст. Зеро, бисёре аз афроде, ки дархости шаҳрвандии Тоҷикистонро мекунанд, паноҳанда ва маъмулан шаҳрванди Афғонистон ҳастанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97