Озордиҳанда 8 моҳ ҳукми зиндон гирифт; маъшуқа норизост...

Хабари хуб 25.04.2019 08:21

Рӯзи 24-уми апрели соли 2019 Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷавони муттаҳам Хуршед Азизовро барои латукӯби як духтар дар маркази шаҳри Душанбе 8 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

 Гуфта мешавад, маҳкумшуда давраи адои ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ мегузаронад.

Хуршед Азизов дар рӯзи охирини мурофиа ба гуноҳи худ иқрор кард ва барои чунин рафтор аз маъшуқаи хеш Малика Соҳибназарова узр хост.

Ҷабрдида аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва онро ғайриодилона медонад, ӯ гуфтааст, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мебарад, то Хуршед озод шавад. Наздикони Хуршед Азизов низ аз ҳукм розӣ нестанд ва мегӯянд, додрас бояд бо ҷарима бастани ҷавон иктифо мекард.

Навори латукӯби Малика Соҳибназарова, сокини шаҳри Душанбе, 1 марти соли 2019 аз суи  корбарони Фейсбук нашр шуд, ки хашм ва вокунишҳои тезу тунди корбарони ин пойгоҳи иҷтимоиро дар пай дошт. Дар ин навор саҳнаи хушунатбор, ки дар он ҷавонедухтареро аз бордони автомобил берун оварда, латукӯб мекунад ва бо истифода аз зӯр ӯро ба автомобили худ “бор” мекунад. Ин “саҳна”– ро роҳгузаре сабт ва дар сафҳаҳои иҷтимоӣ ба иштирок гузошт.

Дар кутоҳмуддат ин ҳодиса аз суи мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе фош шуд ва ҷавони “қаҳрамон” боздошт шуд. Ин ҳодиса “дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ” ва “беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият” унвон шуд.

Малика Соҳибназарова, ҷавондухтари 23-сола, ки рӯзи 1-уми март аз ҷониби Хуршед Азизов мавриди таҳқир ва латукӯб қарор гирифт, қаблан ба расонаҳо ва дар додгоҳ низ гуфтааст, ки гуноҳ аз суи худи ӯ буда ва намехоҳад, ки ҷавони дӯстдоштааш муҷозот шавад.

Аммо аксари фаъолони маданӣ мегӯянд, ин рафтори ҷавон марбут ба муносибати ду нафар нест, балки марбут бар тамоми ҷомеа аст, ки муҷозот шудани ҷавон аз суи додгоҳ такрори ҳамчунин рафторҳои хушунатомезро дар кишвар коҳиш медиҳад ва барои дигарон дарси адаб хоҳад шуд.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97