Оғози ҳафтумин Конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия

Хабар 16.04.2019 17:45

16 апрели соли 2019  Ҳафтумин Конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия бо иштироки ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Маскав оғоз ба кор кардааст.

 Ин конфронс бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия ва бо дастгирии Фонди «Россконгресс» доир мешавад.

Дар ҳошияи ин Конфронс мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои муҳимми самтҳои калидии ҳамкории Тоҷикистону Русия, аз ҷумла «Ҳамкорӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқ, логистика, саноат, сармоягузорӣ ва савдо» ва «Ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва фарҳанг» доир шуд. 

Ҳафтумин Конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия рӯзи 17 апрели соли ҷорӣ низ идома хоҳад ёфт.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97