"Ашан" дар ҷои аввал аз ҳисоби фармоиши таксӣ

Хабар 16.04.2019 12:13

               Мутахассисони хадамоти «Максим» зимни таҳлили омори соли 2019 муайян кардаанд, ки сокинону меҳмонони пойтахти кишвар таксиро бештар ба кадом ҷой фармоиш медиҳанд.

               Маркази савдои «Ашан» дар нақшаи Душанбе макони аз ҳама машҳур аст. 3,5% аз миқдори умумии сафарҳо дар шаҳр маҳз ба ҳамин макон рост меояд.

              Маркази савдои «Тоҷикистон» (ЦУМ) бо 2,1 фоиз дар ҷои дуюм қарор дорад.

              Маркази савдои «Садбарг» бо 2% ҳиссаи сафарҳо дар ҷои сеюм ҷо гирифтааст.

              Бозори «Саховат» бо 1,7% дар ҷои чорум ва фурудгоҳ бо 1,4% дар ҷои панҷум ин раддабандӣ ҷой дорад.

              Ба даҳгонаи ҷойҳои аз ҳама маъруф марказҳои савдои «Содот» ва «Саодат», Сирк, бозорҳои «Корвон» ва «Меҳргон» низ шомиланд.

Раддабандии маъруфтарин ҷойҳо барои фармоиши таксӣ дар Душанбе:

1. МС «Ашан» 3,5

2. МС «Тоҷикистон» (ЦУМ) 2,1%

3. МС «Садбарг» 2%

4. Бозори «Саховат» 1,7%

5. Фурудгоҳ 1,4%

6. МС «Содот» 1,2%

7. Сирк 1,1%

8. Бозори «Корвон» 1%

9. МС «Саодат» 0,8%

10. Бозори «Меҳргон» 0,7%

              Марказҳои савдо ва фурушгоҳҳо бештар барои кори таксиҳо муфиданд. Мардум маъмулан, бо борхалта ё бастабанд ба роҳ мебароянд ва таксӣ дар ин маврид ба ёрӣ мерасад. Дар чунин шароит нисбат ба нақлиёти ҷамъиятӣ аз хадамоти фармоиши таксӣ истифода бурдан осон ва муносиб аст.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97