Боздошти низомии рус

Хабари хуб 17.09.2009 15:29

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти ду тан аз низомиёни пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон хабар додааст. Ин ду нафар дар қатл ва ғорати як ронандаи таксӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар аввали моҳи гузашта рух дода буд, гумонбар дониста мешаванд.

Сухангӯйи Вазорати дохилии Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев, рӯзи 10 сентябр ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки кормандони ин вазорат рӯзи гузашта дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ду тан аз низомиёни воҳиди низомии 28804, вобаста ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро боздошт карданд.

Ба гуфтаи ӯ, сержантҳо Дмитрий Кучма ва Вячеслав Чернов, ки ҳар ду шаҳрванди Русия ҳастанд, дар қатли як ронандаи таксӣ гумонбар дониста шудаанд ва аз онҳо маводҳои ба ғоратбурдаашон ошкор ва мусодира шудаанд.

Гуфта мешавад иҷозаи боздошти ин афрод дар пайи таҳқиқи ҳодисаи қатли Муродов А.Х., як ронандаи таксӣ, содир шудааст.

Ин манбаъ ба хотири халал ворид накардан дар таҳқиқот аз раванди таҳқиқи парванда ва ироаи ҷузъиёти ин ҳодиса худдорӣ карданд. Вале гуфтанд, ки масъулони пойгоҳи низомии Русия дар ин робита огоҳ карда шудаанд.

Дар навбаи худ, масъулони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ карданд, вале гуфтанд, ки ин мавзӯъ мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Дар гузашта низ аз чанд мавриди гумонбар шудани низомиёни Русия дар Тоҷикистон дар иртикоби ҷиноёти мухталифе гузориш шуда буд. Вале барои бори нахуст аст, ки ду низомии рус дар ин кишвар бо гуноҳи ғорат ва қатл гумонбар дониста мешаванд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97