Ҳашт тими футболи марҳилаи як чаҳорфиналии Лигаи чемпионҳо маълум шуд

Хабар 14.03.2019 15:01

 

Охирон ҷуфти мусобиқоти даври як ҳаштфиналии Лигаи чемпионҳо дар торихи 13 марти соли ҷорӣ баргузор шуд ва дар он тими Барселонаи Испания тавонист тими Леони Фаронсаро бо ҳисоби 5 бар 1 шикаст диҳад ва роҳии марҳилаи як чаҳорфиналӣ шавад. Яке дигар аз тимҳо Ливерпули Англия буд, ки Баварияи Олмонро дар ин марҳила шикаст дод.

Бо поёни даври марҳилаи як ҳашт финалии Лигаи чемпионҳои Аврупо ҳашт тими ширкаткунанда дар марҳилаи як чаҳорфиналӣ мушаххас шуд ва қуръакашӣ барои даври баъдии ин тимҳо фардо рӯзи ҷумъа баргузор хоҳад шуд.

Тимҳои ширкаткунанда дар марҳилаи як чаҳорфиналӣ иборатанд: Ювентус (Италия), Барселона (Испания), Ливерпул (Англия), Манчестер Сити (Англия), Манчестер Юнайтид (Англия), Тоттенхэм (Англия), Аякс (Нидерландия) ва Порту (Португалия).

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97