Ба ҳалокат расидани як шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон

Хабар 14.03.2019 09:46

Дар муноқишае, ки дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ҳудуди шаҳри Исфара бо вилояти Боткент пас аз зуҳри рӯзи гузашта рух дод, як шаҳрванди тоҷик ҷони худро бохт.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон субҳи имрӯз дар як изҳорот гуфтанд, ки ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба сохтмони роҳи "Коктош-Оқсой-Тамдиқ"-ро оғоз намуд ва ин боъиси сар задани низоъ гардид.

Ба қавли нерӯҳои марзбонӣ, аз тарафи Қирғизистон ба сӯи сокинони ҷамоъати Ворух, ки ба сохтмони роҳ мухолифат карданд аз силоҳи оташфишор тир холӣ карданд.

Дар идомаи изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон омадааст: "дар баробари ин мақомоти қудратии Қирғизистон роҳи "Исфара-Ворух"-ро баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони Тоҷикистонро қатъ намуданд. Дар ин ҷо, сарҳадбонони қирғиз 2 автомашинаи тамғаи "Газел"-ро бо 30 нафар мусофирон, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон таъаллуқ доранд, дар отряди сарҳадии "Оқсой" гаравгон гирифтанд”.

Идораи марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи муноқиша дар марз бо Қирғизистон 11 шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шуда, як нафар бо исми Ҳусейн Ҳакимови 43-сола кушта шуд. Ҳусейн Ҳакимов ба гуфтаи мақомоти тоҷик, аз тири шикории шаҳрвандони Қирғизистон ҷон бохтааст.

Дар ҳамин ҳол мақомоти тоҷик мегӯянд, вазъ дар марзи Воруху Оқсой дар ҳоли ҳозир ором буда, таҳти назорати марзбонҳои ду кишвар қарор дорад.

Манбаъ: радио Озодӣ

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97