Тоҷикистону Узбакистонро оштӣ медиҳанд

Хабари хуб 03.09.2009 15:43

Рӯзи 1 сентябр Ҷиа Ҷиншенг, раиси Комиссиюни байналмилалӣ дар бахши садҳои бузурги обанборҳо (ICOLD) пас аз дидораш бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи кишварамон, эълом кард, ки ин Комиссиюн омода аст, барои рафъи ихтилофи назарҳо миёни Узбакистон ва Тоҷикистон дар мавриди истифода аз захоири оби минтақа миёнаравӣ кунад.

Ҷаноби Ҷиншенг бар он назар аст, ки Тоҷикистон аз захираҳои фаровони энержии обӣ бархурдор аст ва ба ҷуз аз рушди ин арса роҳи дигаре барои пешрафтро дар ихтиёр надорад. Вай гуфт, ки кишварҳое мисли Тоҷикистон ба нируи барқи арзон ниёз доранд ва танҳо аз ин роҳ метавонанд тамоми бахшҳои иқтисодиашонро тавсеъа бидиҳанд.

Гуфта шуд, ки дар манотиқи мухталифи ҷаҳон чунин қазияҳо рух медиҳад ва Комиссиюни байналмилалии садҳои бузурги обанборҳо таҷрибаи ҳалли онҳоро дорад.

Зимнан, бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа Узбакистон, бо тасмими Тоҷикистон ва Қирғизистон барои бунёди ниругоҳҳои бузург дар дарёҳои инр кишварҳо бо баҳонаи фаромарзӣ шадидан муқобилият нишон медиҳад.

Аммо Тоҷикистон пас аз ба сахтӣ ва бӯҳронӣ пушти сар кардани чанд зимистони сард аз як соли пеш мустақилона сохтмони ниругоҳи «Роғун» дар дарёи Вахшро аз сар гирифтааст. Садди обанбори ин ниругоҳ, ки қарор аст бар баландии 335 метр сохта бишавад, аз бузургтарин саддҳо дар ҷаҳон хоҳад буд.

Ҷиа Ҷиншенг дар посух ба ин суол, ки нигаронии Узбакистон аз хатароти муҳит зист дар пайи сохтмони ин ниругоҳ то куҷо воқеъӣ ҳаст, гуфт, ки чунин таъсисот комилан безарар нестанд. Вале, ба эътиқоди ҷаноби Ҷиншенг, фоидае, ки дар пайи сохтмони чунин ниругоҳҳо ба даст меояд, метавонад тамоми хатароти дигарро ҷуброн кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин замина муҳиммтарин нукта ин аст, ки кишварҳои минтақа бар сари ҷузъиёти чунин тарҳҳо ба тавофуқ бирасанд.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ин масъули Комиссиюни байналмилалии садҳои бузург, таҷрибаи сохтмони чунин садҳо дар кишварҳои мухталиф собит кардааст, ки фаъолияти онҳо хатари ҷиддие дар пай надорад. Вай гуфт, давлатҳо дар мавриди ҷузъиёти ин тарҳҳо маъмулан бо созмонҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд. Мақомоти Узбакистон низ ба зарурати баррасии байналмилалии тарҳҳои бунёди ниругоҳҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон таъкид мекунанд. Ҳарчанд Тоҷикистон низ омодагии худро барои анҷоми чунин баррасиҳо эълом карда, вале то ҳол ихтилофот миёни ин кишварҳо ҳал нашудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97