Ҳамлаи ҳавойи Ҳинд бар пойгоҳи шӯришиён дар хоки Покистон

Хабари хуб 26.02.2019 14:23

Таёраҳои ҷангии Ҳиндустон субҳи имрӯз вориди қаламрави Покистон дар Кашмир шуда ва ҳамалотеро болои пойгоҳи як гурӯҳи шубҳанок дар амалиёти террористӣ анҷом доданд.

Як мақоми аршади вазорати хориҷаи Ҳиндустон гуфт, ки нерӯҳои ин кишвар “бузургтарин пойгоҳи омӯзишӣ”-и гурӯҳи “Ҷайши Муҳаммад”-ро дар минтақаи Балакоти Кашмир зери контроли Покистон мавриди ҳамла қарор додаанд.

Гурӯҳи “Ҷайши Муҳаммад” масъулияти ҳамлаи 14-уми феврал бар нерӯҳои шибҳинизомии Ҳинд дар қисмати ҳиндии Кашмирро ба уҳда гирифта буд. Дар он ҳамла 40 тан кушта шуданд ва Ҳинд эълом карда буд, ки интиқоми ин ҳамларо мегирад.

Покистон: омодаи посух ба ҳар рухдоди ногуворро ҳастем

Мақомҳои Ҳиндустон гуфтаанд, ки бо ин ҳамла бар як пойгоҳи омӯзишии як гурӯҳи террористӣ ба дифоъ аз хоки худ иқдом кардаанд.

Вазири хориҷаи Покистон ҳушдор дод, ки Ҳиндустон Покистонро ба чолиш накашад ва афзудааст, ки дарки беҳтар бояд бар Ҳиндустон ғалаба кунад.

Дар як эъломияи хабарии вазорати хориҷаи Покистон, ки аз тариқи сафҳаи радиои давлатии ин кишвар ба нашр расид, омадааст: “вазир хориҷа мегӯяд, ки миллати Покистон набояд нигарони ин амали Ҳиндустон бошад, мудофиъини кишвари мо ба гунаи комил омодаанд, ки дар баробари ҳар гуна рухдоди ногувор аз худ вокуниш нишон бидиҳанд”.

Аммо пас аз анҷоми ин ҳамалот, як вазири кабинаи ҳукумати Ҳиндустон даъво кардааст, ки низомиёни ин кишвар гомҳои лозимро барои дифоъ аз кишваршон бардоштаанд.

Вазири манобеъи башарӣ ва инкишофи Ҳиндустон гуфтааст, ки Нарендра Модӣ нахуствазири мо дасти нерӯҳои дифоъиро боз гузоштааст, то ба ҳамлаи ахир болои мошинҳои нерӯҳои амниятӣ вокуниш нишон бидиҳанд.

Покистон муддаъӣ аст, ки ин ҳамалот талафотеро дар пай надошта ва ҷангандаҳои ҳиндӣ бо убур аз марзи миёни ин ду кишвар, ҳамалоти худро дар манотиқи ҷангалӣ анҷом додаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97