Узбакистон боз ба Амрико рӯ меорад

Хабари хуб 27.08.2009 18:50

Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, дар Тошканд бо Девид Петриюс, фармондеҳи нируҳои амрикоӣ дар Ховар ва Осиёи Миёна мулоқот кард.

Ин дувумин дидори Женерол Петриюс аз Узбакистон дар соли ҷорӣ аст. Президент Каримов дар ҷараёни ин мулоқот таъкид кард, ки кишвари вай хоҳони равобити наздиктаре бо Вошингтун аст. Вай гуфт: «Аз дидори шумо дар Тошканд сидқан хушҳолам. Ба назари ман, ин сафар қабл аз ҳама баёнгари он аст, ки равобит миёни кишварҳои мо тавсеъа меёбад. Ман дар ин ки имрӯз дубора бо шумо мулоқот мекунам, нишонае аз алоқамандии ҳарду ҷониб ба таҳкими равобитро мебинам.»

Дар баёнияе, ки сафорати Амрико дар Узбакистон дар ин бобат мунташир карда, омадааст, ки женерол Петриюс ва Президент Каримов «масоили асосии амнияти минтақа»-ро баррасӣ карда ва ба вазъияти кишвари ҳамсояи Афғонистон таваҷҷуҳи вижае мабзул доштаанд. Бо ин ҳол, ҷузъиёти мулоқоти ду ҷониб мунташир нашудааст.

Тибқи ин баёния, Девид Петриюс ҳамчунин бо мақомҳои баландпояи Сервиси амнияти миллии Узбакистон ва вазоратҳои дифоъ, умури хориҷа ва равобити иқтисодии хориҷӣ, сармоягузорӣ ва тиҷорати ин кишвар мулоқот кардааст. Равобити Тошканд бо Вошингтон дар пайи ҳаводиси Андиҷон дар соли 2005, ки интиқодҳои шадиди байналмилалиро ба дунбол дошт, ва мавқеъгирии Амрико дар мавриди ин ҳаводис ба сардӣ гароид.

Дар пайи ин ҳаводис Тошканд пойгоҳи амрикоӣ дар Хонобод, дар ҷануби Узбакистонро мутаваққиф ва низомиёни омрикоиро ихроҷ кард. Вале дар авоили соли ҷорӣ Узбакистон дубора бо тронзити молҳои ғайринизомӣ ва кӯмакҳои башарии Амрико ба Афғонистон аз тариқи қаламрави худ мувофиқат кард.Равобити Тошканд бо Вошингтун дар ҳоле ба гармӣ гаройидааст, ки равобити Узбакистон бо Русия дар ҳоли сард шудан аст.

Тошканд ахиран бо тасмими Русия ба эҷоди дувумин пойгоҳи низомияш дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон, дар минтақае наздик ба марзи Узбакистон, башиддат мухолифат кард. Мақомҳои узбак бар ин боваранд, ки чунин иқдоме тавозуни қуво дар Осиёи Миёнаро баҳам хоҳад зад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97