Таҳсил барои хоҳишмандон дар донишгоҳҳои давлатии Италия

Хабари хуб 13.02.2019 14:00

Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмиллалӣ”-и Вазорати маъориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилоъи хоҳишмандон ва ҳаводорони омӯзиш мерасонад, ки дар торихи 14-уми феврали соли ҷорӣ дар соъати 15:00 дар бинои ҳамин муассиса пешниҳод ва муаррифии имкониятҳои таълим ва омӯзиш дар муассисаҳои таҳсилоти олии Италия барои давраҳои коршиносӣ (бакалавриат) ва магистратура баргузор мешавад.

Муаррифии бевосита ва мустақиман тавассути факултаҳои донишгоҳҳои зерин анҷом хоҳад шуд:

Донишгоҳи Мессинӣ-University of Messina.

Донишгоҳи Генуӣ-University of Genoa.

Донишгоҳи Пиза-University of Pisa.

Донишгоҳи Рома “Сапиентса”-Sapienza University of Rome.

Донишгоҳи Ка’Фоскарии Венеция-Ca’Foscari University of Venice.

Тайи ин муаррифӣ тамоми ҷанбаҳои таҳсил дар Италия ироа хоҳад шуд, аз ҷумла:

Тартиби қабули шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои итолиёӣ дар асоси стипендия ва аз ҳисоби маблағҳои худ;

Ҳуҷҷатҳое, ки барои таҳсил дар ин донишгоҳҳо заруранд;

Ҳазинаи (харҷ) таҳсил ва истиқомат дар Италия;

Масоили марбут ба виза ва дигар мавзуъот.

Хоҳишмандон метавонанд иттилоъи бештар дар робита ба ин чорабиниро аз  Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” (ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47) ва ё телефонҳои 221-18-83 и 223-23-57 дастрас кунанд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97