Аҳолии Тоҷикистон дар тӯли 28 соли ахир 3.7 миллион нафар афзоиш ёфтааст

Хабари хуб 08.02.2019 13:42

Агентии суғуртаи иҷтимоъӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо такия ба омор мегӯяд, ки дар тӯли 28 соли ахир теъдоди ҷамъияти ин кишвар 3 миллиону 700 ҳазор нафар афзоиш кардааст.

Теъдоди аҳолӣ дар Тоҷикистон дар соли 2018 ба 9.1 миллион нафар расид, ки ин нишондод дар соли 1990-и қарни гузашта 5.4 миллион нафар буд.

Бар тибқи пегӯйиҳо, шумораи аҳолии кишвар дар соли 2023 ба 10 миллион нафар хоҳад расид. Дар ҳоли ҳозир дарознокии миёнаи умр дар Тоҷикистон 75 солро ташкил медиҳад.

Афзоиши аҳолии Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки рушди демографӣ дар кишвар 2 дарсад дар як сол гуфта мешавад.

Маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба миқдори 725 сомонӣ афзоиш ёфт. Тибқи омори расмӣ, маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон бо натоиҷи соли 2018 68 миллиарду 844 миллион сомонӣ (7.3 миллиард доллар)-ро ташкил дод.

Теъдоди аҳолии кишвар дар авоили соли ҷорӣ ба 9.1 миллион нафар расид. Ҳамин тариқ, маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 7 ҳазору 565 сомонӣ (802 доллар) бароварда шуд.

Музди миёнаи маъош дар Тоҷикистон дар соли гузашта наздик ба 1.2 ҳазор сомонӣ (127 доллар)-ро ташкил дод. Ҳадди ақалли маъош дар кишвар 400 сомонӣ (42 доллар) мебошад.

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97