Рустам Назарзода раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи гузашта зимни нишасти матбуъотӣ гуфт: соли гузашта бар асари офатҳои табиъӣ дар кишвар 11 тан ҷони худро аз даст доданд.
Назарзода тасреҳ кард, ки соли гузашта 5 тан дар натиҷаи резиши санг, 4 тан бар асари омадани сел ва 2 тан аз зарби раъду барқ ҷон бохтанд. Ҳукумат ба хонаводагони кушташудагон кумаки якдафъинаи нақдии 5 ҳазор сомонӣ ироа кард.
Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар идома афзуд, ки соли гузашта 140 тан дар пайи риоя накардани қоъидаҳои бехатарӣ дар рӯдхонаву дарёчаҳои кишвар ғарқ шуданд.
27 тан аз онҳо кӯдакони то синни 10, 23 тан навраси то синни 17, 48 тан то синни 35 ва 37 тан аз синни 35 боло буданд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, дар моҳи январи соли ҷорӣ 125 мавриди резиши тарма рух дод, ки 8 тан кушта дар пай доштанд.