Даври ниҳоии “Озмуни дастархонороӣ” ҳафтаи оянда баргузор мешавад

Хабар 07.02.2019 13:08

Раёсати иттилоъот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе  ба хабарнигори «Ховар» хабар додааст, ки ҳафтаи оянда 7 феврал дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии «Озмуни дастархонороӣ» баргузор мегардад.

Ин манбаъ афзудааст: “аз ҳар як ноҳия 3 нафар ғолиби интихобгардида дар даври озмуни шаҳрӣ иштирок намуда, ғолибон бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ба ғолиби ҷойи аввал 5 ҳазор, ҷойи дуюм 3 ҳазор, ҷойи сеюм 1 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуда, иштирокдорон бо сипоснома қадрдонӣ мегарданд».

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур дар асоси ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019- 2021, ки бо амри раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, баргузор мегардад.

Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе бо қарори худ раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар масъулинро ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир намудани «Озмуни дастархонороӣ» дар даври ноҳиявӣ ва шаҳрӣ муваззаф намудааст.

Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузории ин озмукн эҳё ва тарғиби таъомҳои миллӣ, ҳамагонӣ намудани он ва баланд бардоштани маданияти дастархонороии тоҷикон мебошад

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97