Хонаводаҳои Аврупо дар соли 2017 беш аз 130 миллиард евроро сарфи хариди машрубот карданд

Хабари хуб 24.01.2019 13:31

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2017 беш аз 130 миллард евро тавассути хонаводаҳои худ сарфи хариди машруботӣ алкоголӣ кардаанд.

Бино ба эъломи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, хонаводаҳо дар қораи Аврупо бештарин мизони масрафи машруботи алкоголиро дар саросари ҷаҳон доранд ва ба ҳамин далел мизони маргу мир ба сабаби нӯшидани машрубот низ дар ин қора беш аз дигар нуқоти ҷаҳон аст.

Дар дохили қораи Аврупо низ он даста аз кишварҳои минтақаи Балтика, ки узв Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд, бештаре аз даромади хонаводаҳоро сарфи хариди машруботи спиртӣ мекунанд.

Ба асоси додаҳои ҷадиде, ки рӯзи сешанбе аз суи маркази омори Евросет мунташир шуд, соли 2017 дар саросари Иттиҳодияи Аврупо маблағе беш аз 130 миллиард евро тавассути хонаводаҳо сарфи хариди машруботи алкголӣ шудааст. Дар ин миён, хонаводаҳои эстонӣ бештарин маблағро дар ин сол (5.2 дар сад) ба хариди машрубот ихтисос додаанд ва пас аз онҳо низ Латвия бо 4.9 дар сад ва Литва бо 4 дар сад қарор доштанд.

Илова бар ин се кишвари митақаи Балтика, хонаводаҳо дар кишварҳои шарқи Аврупо низ аз муштариёни машруботи алголӣ ҳастанд ва Лаҳистон (Полша) бо ихтисоси 3.5 дар сад аз кулли будҷаи хонавода ба хариди машрубот ва пас аз он ҷумҳурии Чехия бо 3.3 дар сад ва Маҷористон бо 3 дар сад дар ҷойгоҳи баъдии ин ҷадвал қарор доранд.

Камтарин мизони масрафи машруботи спиртӣ дар хонаводаҳои аврупоӣ ҳам дар Испнаия дида шудааст. Дар ин кишвари ҳошияи баҳри Миёназамин танҳо 0.7 дар сад аз кулли будҷаи хонавода дар соли 2017 ба хариди алкогол ихтисос ёфтааст. Италия ва Юнон низ танҳо бо 0.1 дар сад масрафи бештар қабл аз Испания қарор гирифтаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97