Оилаи Атобулло Рақибовро кӣ бесарпаноҳ кард?

Хабари хуб 06.08.2009 16:17

Як гурӯҳ аз сокинони деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод, рӯзи 3 август дар назди қасри раёсати ҷумҳурӣ ҷамъ омаданд. Ин гурӯҳе, ки тақрибан 15 нафарро ташкил медоданд, мегӯянд, ки бори севум аст ба раёсати ҷумҳури ариза ирсол карда ва хостори таҳқиқи қазияи тахриби манзили як хонаводаи дорои панҷ фарзанд дар ин деҳа шудаанд.

Онҳо ҳамчунин хостаанд, ки сарпаноҳе барои ин хонавода фароҳам карда шавад. Соҳиби ин манзил Атобулло Рақибов, ки тоза аз муҳоҷирати корӣ дар Русия ба ватан баргаштааст, мегӯяд ин ҳодиса дар замоне рух додааст, ки ӯ дар Русия буд. Ӯ гуфтааст, ки ин амр тавассути маъмурони додситонии ноҳияи Файзобод ба иттиҳоми ғайриқонунӣ будани сохтмони манзил дар қитъаи замине сурат гирифтаааст, ки ӯ дар соли 2004 бунёд кардааст.

Масъулони додситонии ноҳияи Файзобод дар ин бора ибрози назаре накарданд, вале ба гуфтаи Атобулло Рақибов, маъмурон иддаъо доранд, ки қитъаи замине, ки ӯ дар он манзил бунёд кардааст, ба вай таъаллуқ надорад. Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи Атобулло Рақибов ӯ ҳамасола барои истифода аз ин замин ба давлат молиёт месупурдааст.

Бо ин ҳама, дар баёнияи сокинони деҳаи Заркамар омадааст: "Вақте Гулрӯ Ибодова (ҳамсари Атобулло Рақибов) ва панҷ фарзанди ноболиғи ӯ мехостанд аз тахриби хонаи худ ҷилавгирӣ кунанд, милисаҳо ӯро заданд."

Атобулло Рақибов дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфтааст, ки ҳамсараш асноди пизишкӣ дар мавриди осебҳои ҷисмони аз лату кӯби милиса дар ҷараёни тахриби хонаашро дар даст дорад.

Дар натиҷаи таҷаммӯъи гурӯҳе аз сокинони деҳаи Заркамар дар рӯбарӯйи қасри раёсати ҷумҳурӣ яке аз масъулони ин ниҳод бо онҳо мулоқот карда ва гуфтааст, ки таҳқиқ дар мавриди ин қазия аз сӯйи додситонии кулл анҷом хоҳад шуд.

Бо ин вуҷуд, хонаводаи Рақибовҳо қасд дорад ҳафтаи ҷорӣ шикояти худро дар мавриди тахриби хонаашон ба додгоҳи маҳаллӣ дар ноҳияи Файзобод ироа кунад.

Гуфта мешавад тахриби манзили маскунии Атобулло Рақибов танҳо бо дарназардошти қонун дар бораи истифода аз замин сурат гирифта ва ҳеҷ додгоҳе дар робита бо ин манзил қабл аз тасмим дар бораи тахриби хона тасмим нагирифтааст.

Зимнан, ахбори тайиднашуда аз ноҳияи Файзобод ҳокист, ки раиси ин ноҳия пас аз баргузории ҷаласае дар мавриди ин қазия эҳёи дубораи манзил дар ҳамон қитъаи замин аз сӯйи Рақибов бо маблағи худашро иҷоза додааст. Акнун маълум нест, ки чаро манзили қаблӣ дар ин сурат тахриб шудааст.

Вале Атобулло Рақибов, ки ҳам худаш ва ҳам ҳамсараш бекор буда ва манбаи даромад надоранд, мегӯянд, ки маболағи зарурӣ барои сохтмони дубораи манзилро надоранд.

Ҳамакнун онҳо бо панҷ фарзанди ноболиғи худ дар деҳаи Заркамар дар хаймае, ки Вазорати корҳои фавқуллода барои онҳо фароҳам кардааст, ба сар мебаранд.

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд дар сурате, ки манзиле ё хонае дар қитъаи замине ба таври ғайриқонунӣ сохта шуда бошад, тарафҳои даъво бояд ба додгоҳ муроҷеа кунанд ва танҳо пас аз тасмими додгоҳ метавон манзилеро, агар дарвоқеъ ғайриқонунӣ бошад, тахриб кард.

Аммо дар мавриди хонаводаи Атобулло Рақибов, онҳо на танҳо аз манзили худ маҳрум шудаанд, балки ҳадафи зарбу шатм ва таҳдид низ қарор гирифта ва ба изофаи манзил, дороиҳои дигарашон низ нобуд ва ё хароб шудааст. Онҳо ҳамчунин аз нигоҳи равонӣ башиддат дилшикаста шудаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97