Ҳомид Карзай ба Душанбе омад

Хабари хуб 30.07.2009 16:54

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, баъд аз зуҳри рӯзи 29 июл вориди пойтахти кишварамон шуд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки то як соати дигар дидору гуфтугӯйи якбаяки Ҳомиди Карзай бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики вай, дар Кохи Миллат, воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе, сурат хоҳад гирифт. Интизор меравад, оқоён Карзай ва Раҳмон дар ин дидор мавзӯъоти марбут ба густариши равобиту ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар бахшҳои амниятӣ, ҳифозат аз марзҳо ва иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ кунанд.

Мақомоти вазорати хориҷа яке аз аҳдофи аслии сафари Ҳомиди Карзай ба кишварро ширкат дар мулоқоти сеҷонибаи раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон ва музокироти чаҳорҷонибаи раисони ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия унвон карданд.

Қарор аст ин мулоқотҳо имрӯз, 30 июл, баргузор шавад, ки густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия аз мавзӯъоти меҳварии ин нишастҳо аст.

Дар ҳамин ҳол, Осиф Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, дар Душанбе ба сар мебарад ва интизор меравад, нимаи дувуми рӯзи 30 июл Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия низ ба Тоҷикистон сафар кунад.

Ҳарчанд расман дар мавриди барномаи музокироти сеҷониба ва чаҳорчонибаи раисони ҷумҳури Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия ибрози назаре нашудааст, аммо соҳибназарон густариши ҳамкориҳои энержӣ дар минтақаро аз мавзӯъоти меҳварии ин нишастҳо медонанд.

Таъмини амният дар минтақа, бавижа вазъияти Афғонистон, аз масоиле аст, ки қарор аст дар нишастҳои дуҷониба, сеҷониба ва чаҳорҷониба дар Душанбе матраҳ шавад.

Ин мазӯъ бо таваҷҷӯҳ ба душвориҳои муроқибат аз қисматҳое аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ки нигарониҳоеро дар мавриди вуруди эҳтимолии афроди вобаста ба Толибон ва Алқоъида аз Афғонистон ва Покистон ба қаламрави Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст, дорои аҳаммият аст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳомиди Карзай дар маросими гузоштани хишти аввали бинои сафорати ҷадиди Афғонистон дар шаҳри Душанбе ширкат мекунад.

Зимнан, равобити дипломатии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ибтидои даҳаи 1990 оғоз шудааст. Ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар дар чанд соли ахир дар ҳоли густариш будааст.

Тибқи омори расмӣ мизони табодули мол байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар соли гузашта ҳудуди 100 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соле қабл се маротиба бештар арзёбӣ мешавад. Тоҷикистон ва Афғонистон ҳудуди 1400 км марзи муштарак доранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97