Дар нимаи дуввуми 3 январи соли ҷорӣ машҳуртарин шабакаҳои иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон монанди Фейсбук, Инстраграм, Однаклассники ва ВК масдуд карда шуданд.
Бархе аз мессенҷерҳо низ дар Тоҷикистон шуруъ аз нимаи дуввуми рӯзи гузашта ба таври номуназзам кор мекунанд.
Дар мавриди ин ки дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоъӣ маҳдуд шудааст, барои аввалин бор корбарони Фейсбук хабар доданд. Пас аз чанд муддат маълум гардид, ки шабакаҳои дигари иҷтимоъӣ аз қабили Однаклласники, Инстаграм ва ВК низ фаъолиятшон масдуд карда шудааст.
Мушкили ҳамчунин бо ирсоли паёмҳои овозӣ тавассути мессенҷери WhatsАpp низ пайдо шудааст.
Бархе аз ширкатҳои мобилӣ, ки ба хидматрасониҳои интернетӣ дар Тоҷикистон машғул ҳастанд, тасдиқ карданд, ки мушкилоти дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоъӣ ва бархе порталҳои хабарӣ дар воқеъ вуҷуд дорад.
Онҳо изҳор доштанд, ки маҳдуд шудани фаъолияти шабакаҳои иҷтимоъӣ ба сабаҳои берун аз тавон ва назорати онҳо ба вуҷуд омадааст.