Ҳукми писарони Сангак ва Лангариев бетағийр монд

Хабари хуб 23.07.2009 15:03

Ҳукми ҳабси абади Сӯҳроб Лангариев, сардори як гурӯҳи ба гуфтаи додгоҳ қочоқбари маводди мухаддирро Додгоҳи олии кишвар бетағийр гузоштааст.

Фаррух Малахов, сухангӯи Додгоҳи олии кишвар, рӯзи 16 июл гуфтааст, ки ин тасмим дар нишасти ҳайъати мушовараи Додгоҳи олӣ, ширифта шудааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Додгоҳи олӣ, Сӯҳроб Лангариев ва чанд тан аз шариконаш дар шикояте ба ҳайати мушовараи Додгоҳи олӣ хостори бознигарӣ дар ҳукми ин додгоҳ шуда буданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар аввали моҳи апрели соли ҷорӣ Сӯҳроб Лангариевро ҳамроҳ бо ҳафт тан аз шариконаш дар мухолифати мусаллаҳона ва қочоқи миқдори бузурги маводди мухаддир ва убури ғайриқонунӣ аз марзи давлатӣ гунаҳкор донист ва онҳоро маҳкум ба ҳабси абад кард.

Нурмаҳмад Сафаров (писари Сангак Сафаров) ва ду тан аз шаҳрвандони Афғонистон низ дар миёни маҳкумшудагони ҳабси абад ҳастанд.

Ҳамчунин, тибқи ҳукми Додгоҳи олӣ 11 тани дигар аз гунаҳкорони ин парванда аз 6 то 21 сол ба зиндон маҳкум шуда буданд.

Аъзам Лангариев (писари Лангарӣ Лангариев), ки 24 сол дорад, бо ҳукми Додгоҳи олӣ ба 21 соли ҳабс маҳкум шудааст.

Масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯянд, маҳкумшудагон ва пайвандонашон ҳақ доранд ба Плениуми Додгоҳи олӣ, ки ниҳоди болотар маҳсуб мешавад, шикоят бубаранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97