Ҳимояти ҳукумати Амрико аз пажӯҳиши миллии демографӣ ва саломатӣ дар Тоҷикистон

Хабар 15.12.2018 09:36

Кевин Коверт кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар маросиме, ки рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳукумати Тоҷикистонро бо ба анҷом расонидани дуввумин пажӯҳиши тиббӣ-демографӣ табрик гуфт.  Кордори сафорати Амрикоро дар маросими муаррифии натиҷаҳои пажӯҳиши тиббӣ-демографӣ дар соли 2017 Гулнора Ҳасанзода директори Агентии омор ва Саида Умарзода муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.

Пажӯҳиши тиббӣ-демографӣ як пурсиши миллӣ дар бораи саломатии зан ва кӯдак, хушунати хонаводагӣ мебошад, ки аз ҷониби агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) сармоягузорӣ мешавад ва онро агентии омори назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон амалӣ мекунад. Дар чорчӯби пурсиши мазкур тақрибан бо 11000 зани синну солашон аз 15 то 49 тақрибан аз ҳашт ҳазор хонаводаи саросари Тоҷикистон мусоҳиба анҷом шудааст.

Пажӯҳиши тиббӣ-демографӣ  яке аз тарҳҳои кӯмакиест, ки амалӣ шудани он аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID,  бо ҳамкории агентии омори назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон  ва вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ин кишвар имконпазир гардид.

Аз замони соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ҳукумати ИМА барои дастгирии  барномаҳои амният, ниҳодҳои демократӣ, соҳаи иҷтимоӣ ва рушди иктисодӣ бештар аз 1,8 миллиард доллар ихтисос додааст.

 USAID як агентии пешбари ҷаҳонӣ дар робита ба рушди байналмилалӣ мебошад, ки ба ҳадафи расидан ба натиҷаҳои рушди мусбӣ фаъолияти худро роҳандозӣ кардааст.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97