Русия мехоҳад муҳоҷиронро аз таксиронӣ низ маҳрум созад

Хабари хуб 14.12.2018 14:02

Намояндагони парлумони Русия мехоҳанд ба қонунгузорӣ дар бораи танзими “ронандагони таксӣ”, ки дар баррасии Думаи давлатии ин кишвар қарор дорад, банди нав ворид кунанд.

Бино ба гузориши хабаргузории “РИА Новости”, Евгений Москвичев роҳбари кумитаи давлатии Русия дар бораи нақлиёт ва сохтумон зимни баррасии ин мавзуъ пешниҳод кардааст, ба афроде, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, иҷозати таксиронӣ дода нашавад.

Ба ақидаи намояндагони рус  ин бандро бояд ба қонунгузорӣ дар бораи танзими “ронандагони таксӣ”, ки имрӯз дар Думаи давлатӣ баррасӣ ва барои дуввум бор қироъат карда мешавад, ворид кард.

Москвичев дар идома афзуд: “ман ба ин ақидаам, ки нахуст ба муҳоҷирони бидуни шаҳрвандии Русия иҷозати рондани таксиҳои сабукравро набояд дод. Боварӣ дорам, ки дар ҳоли ҳозир ронандаҳои худӣ кофианд ва метавонанд ин навъи нақлиётро идора кунанд".

Ба гуфтаи вай, таксӣ  ин ягона навъи нақлиёти мусофиркашест, ки дар ҷустуҷӯи муштарӣ ва хатсайри худ озод аст, аз ин ҷост ин навъи мусофиркашонӣ бояд тақвият дода шавад.

Ба ҷуз ин Москвичев пешниҳод кардааст, ки таксӣ набояд бе муоинаи техникӣ ба кор барояд ва ронандагони таксӣ дар панҷ сол як бор, мисли ронандаҳои нақлиётҳои касбӣ бозомӯзӣ карда шаванд.

Ин дар ҳоле аст, ки давлати Русия муҳоҷирони кориро ба ҷуз аз таксиронӣ мехоҳад аз дигар шуғлҳо низ ба монанди фурӯш дар мағозаҳо, дорухонаҳо ва дигар корҳои сабуктар аз корҳои сохтмонӣ манъ кунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97