Боздошти ду нафар дар Хоруғ

Хабари хуб 23.07.2009 15:02

Маъмурони милиса дар шаҳри Хоруғ, ду нафарро бо миқдоре восита ва маводди тарканда боздошт кардаанд.

Манобеи милисаи маҳаллӣ ин хабарро таъйид, вале аз баёни ҷузъиёти он худдорӣ карданд ва гуфтанд, ки таҳқиқот дар ин замина идома дорад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ин ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи якшанбеи 19 июл сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои ВВС, як манбаъи милиса дар Бадахшон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардааст, гуфтааст, ки афроди боздоштшуда тақрибан 20 ва 25-сола будаанд, вале як манбаъи дигар гуфтааст, ки яке аз ин афрод бузургсолтар аст.

Гуфта мешавад, аз ин афрод воситаи иртиботӣ, дурбин, норинҷак, восита ва маводди тарканда забт шудааст.

Ба гуфтаи як манбаъи милисаи маҳаллӣ, яке аз ин афрод сокини шаҳри Душанбе будааст ва бархе манобеъ ҳам гуфтаанд, ки фарди дигар сокини шаҳри Исфара, аст.

Ҳадс зада мешавад, ки фаъолияти ин афрод бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Тавилдара, ки аз чанд мавриди даргирии онҳо бо нируҳои ҳукуматӣ дар ҳафтаҳои ахир гузориш шудааст, иртибот дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97