Қочоқи сикка пешгирӣ шуд

Хабари хуб 23.07.2009 15:02

Кормандони Идораи гумруки вилояти Хатлон, аз қочоқи осори фарҳангӣ тавассути як шаҳрванди Афғонистон дар гузаргоҳи марзии Панҷи поён, ҷилавгирӣ кардаанд.

Олим Шарифов, сухангӯи Идораи гумруки вилояти Хатлон, рӯзи 20 июл ба ВВС гуфтааст: "Дар пайи бозрасии бағоҷи шахсии Муҳаммад Зокир Саид Маҳмад, шаҳрванди Давлати исломии Афғонистон, шаш танга кашфу мусодира гардид."

Ӯ гуфтааст, таҳқиқоти аввалия собит кард, ки чаҳор сикка арзиши фарҳангӣ дошта ва берун бурдани онҳо ба хориҷ аз Тоҷикистон мамнӯъ аст. Ба ин далел алайҳи Муҳаммад Зокир Саид Маҳмад парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи ин ҳодиса ҷараён дорад.

Музаффар Азизов, раиси раёсати ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихӣ дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, низ мавриди таҳқиқи муқаддамотӣ қарор гирифтани ин тангаҳоро тасдиқ кардааст.

Ин масъули Вазорати фарҳанг гуфтааст: "Аз ин шаш танга чаҳор танга нуқраӣ буда ва ду тангаи дигар афғонии ҳозира ҳастанд. Тангаҳои нуқраӣ ба қарни чаҳори пеш аз милод ва то қарни сеи милодӣ тааллуқ доранд. Яке аз ин тангаҳо сирф юнонӣ буда, як тангаи тақлидии даврони Сосонӣ ва бақия тангаҳои юнону бохтарӣ ҳастанд."

Тибқи муқаррароти қонуни ҷиноии Тоҷикистон, сирқати осори нодири фарҳангӣ ва таърихӣ ба беруни кишвар аз 5 то 8 сол маҳкумият ба зиндонро дар пай дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97