Баргузории эҳдои ҷоизаи сулҳи Нобел дар Осло

Хабари хуб 11.12.2018 13:34

Ҷоизаи сулҳи Нобел дар маросими бошукӯҳе ба Надя Мурод ва Дени Муквеге эҳдо шуд. Мизбони маросими эҳдои ҷоизаи сулҳи Нобел шаҳри Ослои Норвегия буд.

Ин бор ҷоизаи сулҳи Нобел ба ду нафар эҳдо шуд. Надя Мурод ва Дени Муквеге ду барандаи ин ҷоиза дар маросими рӯзи гузашта ҳини дарёфти ҷоиза хоҳони адолат барои қурбониёни хушунати ҷинсӣ дар даргириҳои ҷаҳонӣ шуданд. Ба ҳамин тартиб, як рӯз пеш аз дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел унвон шуд, ки онон ин ҷоизаро ба хотири талошҳошон барои поён додан ба таҷовуз ба унвони силоҳе ҷангӣ аз они худ карданд.

Надя Мурод зани эзидӣ аст, ки 25 сол умр дорад ва аз Синҷори Ироқ аст. Вай пас аз Малола Юсуфзай ҷавонтарин барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аст.

Дени Муквеге пизишк аст ва 63 сол умр дорад ва аз ҷумҳурии Конго мебошад. Ӯ зиндагии худро вақфи дифоъ аз қурбониёни хушунати ҷинсӣ дар ҷанг кардааст. Надя Мурод, ки худ қурбонии хушунати ҷинсӣ дар ҷанг будааст, акнун ба унвони сухангӯ ва пешоҳанг дар ин арса по ба майдон гузошта ва ба садои қурбониёни хушунатҳои ҷинсӣ, ки зодаи ҷанганд, табдил шудааст.

Дени Муквеге қабл аз ин дар соли 2014 ҷоизаи ҳуқуқи башарии Сахаров аз порлумони Иттиҳодия Аврупоро низ дарёфт карда буд. Вай ба муъолиҷа ва дармони бештар аз 50 ҳазор қурбонии хушунатҳои ҷинсӣ ҳиммат гумоштааст он ҳам дар шифохонае, ки худаш дар соли 1999 дар шарқи ҷумҳурии демократии Конго бунёд гузоштааст.

Бар асоси баёнияи кумитаи ҷоизаи Нобел имсол барои ин ҷоиза 331 тан номзад буданд, ки муштамил бар 216 фард ва 115 гурӯҳ буданд. Соли гузашта ҷоизаи сулҳи Нобел ба корзори байналмиллалии маҳви силоҳи ҳастаӣ эҳдо шуд.

Ҷоизаи Сулҳ танҳо ҷоизаи Нобел аст, ки маросими эҳдои он дар шаҳри Стокголм ва Осло пойтахти Норвегия баргузор мешавад.

Алберт Нобел дар мавриди ин ҷоиза васият карда буд то ин ҷоиза ба касе таъаллуқ гирдад, ки дар роҳи тазъифи нерӯҳои мусаллаҳ бо ташкил ва тарғиби конфронсҳои сулҳи ҷаҳонӣ бештарин саъиро варзида бошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97