Даъвати сафири Амрико дар Чин пас аз боздошти мудири “Huawei” дар Канада

Хабари хуб 10.12.2018 16:23

Чин сафири Амрикоро даъват кард ва аз Канада хост Мен Ванчжоуро ҳар чи сареътар озод кунад. Мен Ванчжоу духтари муассиси ширкати фановарии “Huawei” яке аз мудирони аршади ин ширкат, ба нақзи таҳримҳои Эрон муттаҳам шудааст. Амрико хостори истирдоди ӯст.

Пас аз боздошти Мен Ванчжоу мудири ширкати мухобиротии чинии “Huawei”, Чин рӯзи якшанбе 9 декабр сафири Амрико дар Пекинро барои эътироз даъват кард.

Вазорати умури хориҷаи Чин эълом кард, ки ин кишвар бо даъвати сафири Амрико ба “нақзи ҷиддии ҳуқуқи як шаҳрванд чинӣ эътироз кардааст”.

Чин аз Амрико хост дастури боздошти Мен Ванчжоуро лағв кунад, вагарна ин кишвар “посухҳое дигар” ба ин мавзуъ хоҳад дод.

Пеш аз ин вазорати умури хориҷаи Чин бо даъвати сафири Канада дар ин кишвар “эътирози шадид”- и худро нисбат ба боздошти Мен Ванчжоу мудири шикати мухобиротии “Huawei” эълом карда буд.

Чин ба давлати Канада ҳушдор дода буд, ки агар Мен Ванчжоу ҳар чи сареътар озод нашавад, бояд “мунтазири паёмадҳои рафтори худ бошад”.

Мен Ванчжоу духтари бунёдгузор ва яке аз мудирони аршади ширкати фановарии “Huawei” ба дархости Амрико дар Канада боздошт шуд.

Амрико ин мудири аршади ширкати фановарии “Huawei”- ро ба нақзи таҳримҳои Эрон муттаҳам кардааст. Мақомоти судии Канада, ки аз Мен Ванчжоу бозпурсӣ карданд, ин итиҳомро таъйид карданд.

Гуфта мешавад, ки ширкати “Huawei” барои анҷоми муъомила бо Эрон аз ширкате ба номи “Скайком” баҳра гирифтааст. Мен Ванчжоу муттаҳам шуда, ки иртиботи ширкати Huawei бо ин ширкатро пинҳон кардааст.

Дар сурати истирдоди Мен Ванчжоу ба Амрико ӯ мумкин аст ба 30 соли ҳабс маҳкум шавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97