Япония ба садҳо ҳазор коргари хориҷӣ имкони кор фароҳам мекунад

Хабари хуб 10.12.2018 10:28

Маҷлиси Япония қонуни ҷанҷолиеро таъйид кардааст, ки бар асоси он ба садҳо ҳазор хориҷӣ имкони вуруд ба бозори кори ин кишварро дода мешавад.

Япония бо камбуди нерӯи кор мувоҷеҳ аст ва тасвиби ин қонун барои костан аз мушкилоти ин кишвар сурат гирифтааст.

Аз моҳи апрели соли оянда, шаҳрвандони хориҷӣ хоҳанд тавонист дар бахшҳои сохтумонсозӣ, кишоварзӣ ва парасторӣ машғули кор шаванд.

Япония ба таври суннатӣ диди мусбате нисбат ба муҳоҷират надошта, аммо давлати ин кишвар акнун мегӯянд ба хотири солхӯрда шудани ҷамъияти Япония, кишвар ба нерӯи кори хориҷӣ ниёз дорад.

Тибқи системаи ҷадид наздик ба 300 ҳазор нерӯи кори хориҷӣ дар Япония ба кор гирифта хоҳанд шуд.

Бар асоси ин қонун ду навъи визои ҷадид содир хоҳад шуд. Коргарони дастаи аввал дар сурате, ки муҳоҷирати корӣ дошта бошанд ва забони япониро дар ҳадди ниёз бидонанд, визаи то 5 сол дарёфт хоҳанд кард.

Коргарони бо маҳорати болотар ва бештар визаи навъи дуввумро дарёфт хоҳанд кард, ки ин афрод дар ниҳоят хоҳанд тавонист иқомати Жопунро дарёфт кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки мухолифони қонуни ҷадид мегӯянд, вуруди коргарони хориҷӣ боъиси костан аз дастмуздҳо ва дар ниҳоят суъистифода аз нерӯи кори хориҷӣ мешавад.

Бахши тиҷорат ва санъати Япония аз муддатҳо пеш хоҳони тағйир дар сиёсати муҳоҷиратӣ барои истихдоми нерӯи кори хориҷӣ будааст.

Синдзо Абэ нахуствазири Япония гуфтааст, қонуни ҷадид ба маънои тағйир дар сиёсати муҳоҷиратии Япония нест ва Токио танҳо хориҷиҳоеро мепазирад, ки “тахассуҳои хосеро дошта бошанд ва битвонанд фавран ниёзҳои кишвар дар бахшҳое, ки камбуди коргар дорадро таъмин кунанд”.

Аҳолии Япония аз соли 2008 сол ба сол кам шуда ва ин раванд идома доштааст. Тибқи гузоришҳо то ним қарни дигар, ҳудуди 40 дар сади ҷомеъаи ин кишвар болои 65 сол син хоҳанд дошт. Мизони зоду валад дар ин кишвар ҳар сол камтар мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97