Русия пешнависи қатъномаи СММ дар мавриди Афғонистонро напазируфт

Хабари хуб 08.12.2018 09:39

Вазорати умури хориҷаи Русия пешнависи қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид дар мавриди Афғонистонро напазируфт ва онро мавриди интиқоди сахт қарор дод.

Ин ниҳод эълом кард, ки нависандагони пешнависи қатъномаи СММ дар мавриди Афғонистон нигаронии Маскав дар робита ба вазъият дар Афғонистонро нодида гирифта ва аз ин рӯ Маскав аз додани раъӣ дар ин росто худдорӣ мекунад.

Дар иҷлоси умумии Маҷмаъи умумии СММ пешнависи қатънома дар робита бо “вазъият дар Афғонистон”, ки тавассути ҳайати олмонӣ фароҳам шуда буд, ба баррасӣ гирифта шуд.

Дар баёнияи вазорати умури хориҷаи Русия гуфта шуда, ки дар санади ниҳоии динамикаи минтақаӣ, аз ҷумла идомаи танишҳо дар Афғонистон ва фаъолияти рӯзафзуни “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои вобаста ба он дар шимоли ин кишвар, ки хатаре ҷиддӣ барои ҳамсоягони он, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, мадди назр гирифта нашудааст.

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки пешнависи қатъномаи марбут; саҳмия барои тақвияти амният дар Афғонистонро бо маъмурияти “пуштибонии қавӣ”- и Нато ба уҳда дошт, гарчӣ бо гузашти 17 соли мавҷудияти нерӯҳои Нато дар ин кишвар онҳо муваффақ ба хатми танишҳо дар ин кишвар нашуда ва натавонистанд амният дар минтақаро таъмин кунанд. Онҳо ҳамчунин вазифаи омӯзиши нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистонро низ то ҳанӯз анҷом дода натавонистанд.

Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, ки алорағми ҳамаи инҳо, мо интихоби дигаре ба ҷуз гузоштани пешнавис барои раъигирӣ надоштем. Дар ин санад нигаронии Русия дар хусуси вазъият дар Афғонистон нодида гирифта шуда ва ин кишвар ба ҳамин лиҳоз аз додани раъӣ худдорӣ намудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97