Воридоти тухми мурғ ба Тоҷикистон ба далели афзоиши тавлиди дохилӣ коҳиш ёфт

Хабари хуб 07.12.2018 12:19

Воридоти тухми мурғ ба Тоҷикистон аз хориҷи ин кишвар дар соли ҷорӣ ба далели афзоиши истеҳсоли ватанӣ ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш ёфтааст.

Бар асоси суханони Машоҳир Назаров директори корхонаи воҳиди давлатии “Птицепром”, мувофиқи маълумотҳои омори расмӣ ҳаҷми воридоти тухм тай моҳҳои январ- ноябри соли ҷорӣ ба таври чамшрас коҳиш ёфтааст.

Ин навъи маҳсулот ҳанӯз ҳам ба миқдори кам аз чанд кишвари хориҷ ба Тоҷикистон ворид карда мешавад.

Аз оғози соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 28.5 миллион дона тухм ворид карда шуд, ки дар муқоиса ба муддати мушобеҳи соли гузашта 106.8 миллион дона тухм камтар аст.

Дар тӯли ин давра, беш аз 400 миллион дона тухм дар Тоҷикистон тавлид шуд, ки дар муқоиса ба давраи соли гузашта 97 миллион дона бештар мебошад.

Дар назар аст то поёни соли ҷорӣ тавлиди ин навъи маҳсулот то 450 миллион дона афзоиш ёбад. Пешгӯии вазорати кишварзии Тоҷикистон барои соли 2018 376 миллион дона тухмро ташкил медод.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97