Натоиҷи интихоботи порлумонӣ дар Афғонистон бекор эълом шуд

Хабари хуб 06.12.2018 13:41

Комиссияи мустақили шикоёти интихоботии Афғонистон эълом кард, ки ба далели ошкор шудани тахаллуфоти густурда ва иртикоби ҷароими интихоботӣ, натоиҷи интихоботи Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи интихоботии Кобул ботил мебошад.

Комиссияи мустақили шикоёти интихоботии ҷумҳурии исломии Афғонистон дар нишасте хабарӣ имрӯз дар Кобул натоиҷи ин комиссияро мабнӣ ба бекор кардани натоиҷи интихоботи Маҷлиси намояндагон, ки рӯзе қабл дар ҳавзаи интихоботии Кобул баргузор шуд, ба далели тахаллуфоти густурда, тақаллуб ва иртикоби ҷароими интихоботии қонуни интихобот дар Афғонистон ботил эълом кард.

Ҳамчунин дар ин кор раиси дорул иншои комиссияи мустақили интихобот, раис дафтари вилоятии Кобули комиссия мустақили интихобот, муъовини амалиётии дорул иншои комиссияи мустақили интихобот ва раис техналогӣ ва маълумотӣ маҳкум ба ҳукми пардохти ҷаримаҳои нақдӣ гардида ва тақаллубҳои интихоботишон тибқи аҳкоми қонун мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Тибқи аҳкоми қонуни интихобот, таъйини торихи баргузории муҷаддади интихоботи Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи Кобул дар салоҳиятҳои комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мебошад.

Эҳтимол меравад, ки интихоботи муҷаддади Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи Кобул якҷо бо интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба торихи 21 апрели соли оянда баргузор шавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97