Кушта шудани 13 тан аз Толибон дар шимоли Афғонистон

Хабари хуб 05.12.2018 13:27

Мақомҳои маҳаллии вилояти Сарипул дар шимоли Афғонистон мегӯянд, дар пай як даргирӣ миёни нерӯҳои давлати ва Толибон 13 тан аз ин гурӯҳ ба ҳалокат расиданд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин даргирӣ 7 нафар аз нерӯҳои амниятӣ афғон ба шумули фармондеҳи пулиси вулусволии Сайёд низ ҷони худро бохтанд.

Забеҳуллоҳи Амонӣ сухангӯи волии Сарипул рӯзи гузашта гуфт, ки афроди Толибон вулусволии Сайёдро аз чаҳор ҷониб мариди ҳамла қарор доданд.

Дар ин бархӯрд, ки нимашаби гузашта оғоз шуд, 7 тани дигар аз нерӯҳои амниятии Афғонистон захмӣ шуданд.

Амонӣ ҳамчунин кушта шудани 13 нафар аз афроди гурӯҳи Толибонро дар ин даргирӣ таъйид кард.

Дар ҳамин ҳол, раиси шӯрои вилоятии Сарипул вазъияти амниятӣ дар вулусволии Сайёдро нигаронкунанда дониста ва гуфтааст, ки агар нерӯҳои тозанафас ба ин вулусволӣ эъзом нашавад, эҳтимол дорад контроли он ба дасти Толибон биафтад.

Дар канори вулусволии Сайёд нигарониҳо аз афзоиши таҳдиди Толибон дар вулусволии Сончораки вилояти Сарипул низ вуҷуд дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97