Манъи филмҳои хориҷии бе тарҷума ва зернавис дар Қазоқистон

Хабари хуб 05.12.2018 08:48

Актоти Раҳимқулова муъовини вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон бо ишора ба қонуни нави назорати кино дар кишвараш зимни як нишасти хабарӣ гуфт: пас аз тасвиби ин қонун тамоми филмҳои хориҷӣ, ки дар синамои Қазоқистон ба намоиш гузошта мешаванд бояд ба забони қазоқӣ тарҷума шуда ё дорои зернавис бошанд.

Вай афзуд: пеш аз ин низ қонун дар мавриди тарҷумаи филмҳои хориҷӣ ба забони қазоқӣ вуҷуд дошт, аммо бештар нақши таърифӣ доштанд ва дар бештари мавридҳо воридкунандагони филмҳо ин қонунро риъоят намекарданд.

Раҳимкулова тасреҳ кард: дар оянда филмҳо бояд ба забони қазоқӣ тарҷума гарданд ё зернавис дошта бошанд ва дар сурати риъоят нашудани ин қонун филм дар синамои кишвар ба намоиш гузошта намешавад.

Вай хотирнишон кард, ки ин иқдомот барои тавсеъаи забони қазоқӣ лозим ва зарурӣ аст.

Ин дар ҳоле аст, ки давлати Қазоқистон барои тавсеъаи забони қазоқӣ барномаҳои мухталифе, аз ҷумла гузариш аз хати сириллик ба лотинӣ, тарҷумаи истилоҳоти илмӣ, интишори китобҳо ва коҳиши бахши барномаҳо бо забони русӣ дар телевизионро роҳандозӣ кард.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97