Бонки осиёии рушд 300 миллион доллар ба Тоҷикистон ихтисос медиҳад

Хабари хуб 04.12.2018 16:14

Бонки осиёии рушд  як барномаи се солаеро таҳия кардааст, ки бар асоси он 300 миллион доллар барои Тоҷикистон ҳамчун кумак ҷудо карда мешавад.

Бино ба гузориши намояндагии Бонки осиёии рушд (БОР)  дар Тоҷикистон, ин бонк тасмим гирифтааст тай солҳои 2019 -2021 барои рушди соҳаи сохтмони роҳҳо, энергетика, бахши хусусӣ, маъориф, беҳдошт ва амнияти озуқаворӣ кумак расонад.

Ин манбаъ дар идома афзудааст: “Кумаки молиявӣ дар доираи барномаи се сола, ба наздикӣ тасдиқ шуд. Ҳаҷми кумак 300 миллион доллар дар шакли грант мебошад”.

Аммо намояндагони бонк таъкид намуданд, ки ҳаҷми кумак аз пешрафти кишвар ва мавҷуд будани маблағи Бонки осиёёии рушд вобаста мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97