Лука Модрич барандаи тӯби тилои соли 2018- и Урупо шуд

Хабари хуб 04.12.2018 09:08

Лука Модрич бозикуни хорватии тими футболи “Реал Мадрид”- и Испания тӯби тилои Урупо дар соли 2018 ро дарёфт кард.

Дар маросиме, ки шомгоҳи душанбе 3 декабр дар салони “Гранд Пала”-и Париж баргузор шуд, футболисти кишвари Хорватия ба мақоми беҳтарин бозигари марди соли Урупо расид.

Касби ин унвон аз суи Модрич ба беш аз як даҳаи султаи Леонел Месси ва Криштиан Роналдо ба унвони беҳтарин бозикуни соли Урупо поён дод. Ҳар кадоме аз ин ду бозикун пеш аз ин 5 борӣ барандаи ин ҷоиза шуда буданд.

Охарин боре, ки бозикуне ба ғайр аз Роналдо ва Месси баранда ин ҷоиза шуда буданд ба соли 2007 боз мегардад замоне, ки Кака футболисти бразилии тими “Милан”- и Италия тавониста буд ба ин унвон даст ёбад.

Лука Модрич, ки аз соли 2012 дар тими Реали Мадрид бозӣ мекунад бо тими Хорватия ба финали ҷоми ҷаҳони 2018 расид ва бо ин тим ноиби қаҳрамони ҷаҳон шуд. Вай ҳамчунин ҷоизаи тӯби тилои беҳтарин бозикуни ин ҷомро ба худ ихтисос дод.

Ҷоизаи тӯби тиллоии Урупо аз соли 1959 ҳама сола тавассути нашрияи “Франс футбол”- и Фаронса эҳдо мешавад.

Дар листи беҳтарин бозигарон пас аз Модрич, Роналдо ва Гризман қарор доштанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97