Украина вуруди мардони русро ба қаламрави худ манъ кард

Хабари хуб 01.12.2018 13:36

Давлати Украина эълом кард, ин кишвар аз ин пас вуруди мардони руси 16 то 60 соларо ба хоки худ мамнуъ мекунад.

Петро Сигикол раиси хадамоти марзии Украина рӯзи ҷумъа зимни эъломи ин хабар афзуд: “аз имрӯз вуруди шаҳрвандони бегона ба Укроин маҳдуд мешавад; дар марҳилаи аввал шаҳрвандони марди Русия ки байни 16 то 60 сол дошта бошанд”.

Киев дар ҳафтаи ҷорӣ ва пас аз таниш бо Маскав дар бахшҳое аз кишвар ҳолати низомӣ эълом кард.

Таниш миёни Украина ва Русия пас аз он авҷ гирифт, ки рӯзи якшанбе нерӯҳои дарёии Русия се киштии укроиниро дар обҳои баҳри Азов ҳадаф қарор дод, ки дар ҷараёни он чанд тан захмӣ шуданд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97