Аврупойиҳо барои ҳар киловатт нерӯи барқ чи қадар пул пардохт мекунанд?

Хабари хуб 30.11.2018 15:23

Дар нимаи аввали соли 2018 қимати миёнаи қувваи барқ дар Урупо нисбат ба нимаи аввали соли 2017 пойдор ва бо ҳазинаи 20 евро барои ҳар 100 киловатт соъат буд. Ҳамчунин дар ин давра беш аз як саввум (37 %) сурат ҳисоби барқ дар Урупо ба молиёт (андоз) ихтисос дошт.

Тай ин муддат бештарин коҳиши қимати нерӯи барқ дар Полша ва бештарин афзоиш он дар Руминия рух дод.

Дания, Олмон ва Белгия болотарин қимати нерӯи барқ бо ҳисоби молиётро доштанд. Даниягиҳо 31, олмониҳо 29 ва белгиягиҳо 27 евросент барои ҳар воҳиди нерӯи барқ (киловатт соъат) пардохт карданд.

Дар муқобил мардуми Сербия, Македония ва Туркия ба тартиби 05, 06 ва 07 евросент барои ҳар воҳиди нерӯи барқро пардохт карданд ва ба ин тартиб рекорди камтарин мизони ҳазинаи барқро аз они худ карданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97