Омрико умқи сайёраи “Миррих”- ро таҳқиқ мекунад

Хабари хуб 30.11.2018 14:20

Василаи таҳқиқотии “Инсоит” пас аз як сафари шашмоҳа ва паймудани 482 миллион километр фосила, дар рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ дар сатҳи Миррих нишаст кард.

Идораи таҳқиқоти фазоӣи Омрико ё ба иборати дигар “Носо” умедвор аст, ки бо оғози маъмурияти “Инсоит” дар курраи Миррих, аз розҳои дар мавриди ин сайёра огоҳ шавад, ки то ҳол кашф нашудааст.

“Инсоит” барои як маъмурияти мунҳасир ба фард (беҳамто) барои ду сол фиристода шудааст то умқ ва муҳтавои дохилии наздиктарин саёраи Заминро арзёбӣ кунад.

Идораи таҳқиқоти фазоӣи Омрико умедвор аст, ки бо иҷрои ин амалиёт зилзилаҳои Миррихро сабт ва як нақшаи дақиқ аз муҳтавои дохилии ин сайёраро тартиб кунанд. Инсоит арзёбиии зилзила дар Миррихро бо қарор додани дастгоҳи ларзасанҷ дар рӯи ин сайёра анҷом хоҳад дод.

Том Ҳофман масъули пружаи Инсоит мегӯяд, ки мо як асбоби муҷаҳҳаз бо қувваи физикӣ ва ҳароратӣ хоҳем дошт, ки дар умқи Миррих то 5 метр пойин хоҳад рафт ва дараҷаи ҳарорати ин сайёраро арзёбӣ хоҳад кард.

Ин барои нахустин бор аст, ки дастгоҳи арзёбии Носо озмоишҳоеро мустақиман дар умқи ин сайёра анҷом медиҳад. Рӯйи ин дастгоҳҳои арзёбикунанда пӯшҳое қарор хоҳад гирифт то онҳоро дар ҳавои бади Миррих муҳофизат кунад.

Носо орзу дорад чигунагии ба миён омадани Миррихро, ки миллиардҳо сол пеш иттифоқ афтодааст, дарк кунад ва ин маълумотро ба он чи мо дар бораи ба миён омадани Замин медонем илова кунад то сайёраҳои сангии дигар дар манзумаи шамсии мо ва ҷаҳони фаротар аз онро беҳтар бишиносад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97