Дидори мақомоти гумруки Афғонистон ва Тоҷикистон

Хабари хуб 30.11.2018 09:51

Ҷиҳати амалӣ сохтани созишномаи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва кӯмаки байниҳамдигарӣ дар фаъолиятҳои гумрукӣ, Аҳмад Рашод Пӯпал сардори Сарраёсати гумруки вазорати молияи Афғонистон ва ҳайати ҳамроҳонаш ба Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар чорчӯби ин сафар, мулоқоти Каримзода Хуршед сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо Аҳмад Рашод Пӯпал сардори Сарраёсати гумруки вазорати молияи Афғонистон баргузор гардид.

Зимни ин дидор руасои гумруки Тоҷикистон ва Афғонистон ҷанбаҳои нави ҳамкориҳои афзалиятноки дуҷонибаи байни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси гумруки Тоҷикистон аз ҷумла изҳор намуд, ки: «Муносибатҳои дуҷониба байни Душанбе ва Кобул дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, дар асоси созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва кӯмаки байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ аз 26 марти соли 2014 роҳандозӣ шудааст. Маҳз ҳамин санади ҳуқуқии мазкур шароит фароҳам овард, ки гардиши тиҷорати хориҷӣ байни ду кишвар дар сатҳи муносиб боло равад.

Раиси гумруки Афғонистон низ ба навбати худ барои ҳамкориҳои самарабахш изҳори миннатдорӣ кард ва гуфт, ки хадамоти гумруки Афғонистон ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ бо истифода аз тамоми захираву имконоти мавҷуда, кӯшиш ба харҷ дода, барои густариши минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни Тоҷикистон ва Афғонистон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Сафари кории ҳайати расмии мақомоти гумруки Афғонистон то 5 декабри соли ҷорӣ идома ёфта, боздиди ин ҳайъат аз дидбонгоҳҳои наздисарҳадии «Панҷи Поён» ва «Кокул» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар назар аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97