Пайдоиши осори тағйири иқлим дар пиряхҳои Тоҷикистон

Хабари хуб 28.11.2018 10:48

Гуруҳе аз донишмандони тоҷик бо паси сар кардани беш аз 3300 километр хостанд мушаххас кунанд, ки пиряхҳо, яке аз сарватҳои муҳимм барои Тоҷикистон дар чӣ аҳволе қарор доранд.

Абдулҳамид Қаюмов раиси Маркази омӯзиши пиряхҳо дар Тоҷикистон дар робита ба ин мавзуъ гуфт,  мо як саре аз сафарҳои таҳқиқотӣ ба кӯҳҳои пасту баланди Тоҷикистон аз моҳи июн то моҳи сентябрро анҷом додем.

Муҳаққиқони тоҷик дар ин муддат аз кӯҳҳои Варзоб дар наздикии Душанбе то куҳҳои баланди Помир 3000 километрро бо мошин ва 300 километри дигарро пиёда тай кардаанд. Баъди сафарҳои мушкилу хастакунанда, ба гуфтаи Абдулҳамид Қаюмов, ҳоло онҳо машғули таҳлили маълумоти ҷамъовардаашон ҳастанд.

Аммо натиҷаҳои муқаддамотӣ тағйиреро дар пиряхи “Русское географическое обшество” дар Помир ошкор кардаанд, ки мояи нигаронии амиқ аст ва метавонад ба зиндагии ҳазорон нафар таъсири манфӣ гузорад. Дар ин пиряхи бузург дар минтақаи Помири Марказӣ, ки 64 километри мураббаъ масоҳат ва 24 километр дарозӣ дорад, осори тағйири иқлим дида шудааст.

“Гуруҳи кории мо муайян кард, дар болои ҳамин пирях як ҳавзи калоне пайдо шудааст, ки дарозиаш зиёда аз 200 метрро ташкил медиҳад. Ҳавзҳои болои ях ва зери ях бисёр хатарноканд, ки зеро бо вазни худ суръати кандашавӣ ва ҳаракати пиряхҳоро метезонанд. Ҳавзи мазкур метавонад, як қисмати калони пиряхро канда, пеши маҷрои дарёи "Абдуқаҳор"- ро ба таври куллӣ бандад ва маҳкам кунад.”

Мояи нигаронӣ ин аст, ки дар сурати канда шудани пирях ва баста шудани маҷрои "Абдуқаҳҳор", мумкин аст, оби рӯдхона ҷамъ шавад ва сипас хонаву киштзорҳои манотиқи васеъ дар водии Ванҷ ва поёнтар аз онро зери об кунад. Даҳҳо маҳалли аҳолинишин ва шоҳроҳи нақлиётии муҳиме, ки то ба Бадахшон мебарад, аз тӯъмаҳои осони ин сел метавонад бошад. Барои ҳамин ба гуфтаи Абдулҳамид Қаюмов, донишмандон ин гуна ҳавзҳо ва бахусус пиряхҳои дар ҳоли ҳаракат ба мисли пиряхи “Русское географическое обшество” ва Хирсонро бояд зери назорати доимӣ бигиранд.

Рафъи ҳавзи болои пирях бо усулҳои сунъӣ имконнопазир аст ва аз ин рӯ ба гуфтаи Абдулҳамид Қаюмов, “Мониторинг ва пешгӯӣ кардани кандашавӣ, яке аз роҳҳои эътирофшудаи байналмилалӣ барои кам кардани хисорот аст”. Дар гузашта айни ҳодиса дар пиряхи бузург ва пиряхи Хирсон ба вуқуъ пайвастааст, ки сабаби сел ва бедодгарии рӯдхонаи Абдуқаҳҳор шудааст.

Шаст дар сади оби рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ хонаи бештар аз 60 миллион нафар аз пиряхҳое ҳосил мешаванд, ки дар Тоҷикистон ҷойгиранд. Дар кишвар ҳудуди 8 ҳазор пирях вуҷуд доранд, ки 5 дар сади қаламрави кишварро ташкил медиҳанд. Ба сабаби тағйири иқлим ва болоравии ҳарорат дар курраи Замин дар 30 соли ахир беш аз 1000 пирях дар Тоҷикистон бухор шудаанд ва садҳо пиряхи дигар дар ҳоли ақибнишинӣ ҳастанд ва масоҳаташон камтар мешавад.

Тоҷикистону ҳамсояҳои он дар манотиқи поёнби Осиёи Марказӣ сахт пойбанди пиряху барф ҳастанд, чун манбаи ягонаи ҳаётии обёриашон аст. Ҳаргуна тағйир дар пиряхо ё сабаби норасоии об ва ё сел дар Тоҷикистон мешавад ва ба иқтисоди кишвар садҳо миллион доллар хисорот ворид мекунад. Маркази омӯзиши пиряхҳоро ҳам соли 2018 таъсис доданд, то ба гуфтаи мақомот, мониторинги доимии пиряхҳо ва сарчашмаҳои дигари об дар Тоҷикистон ба роҳ андозад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97