Дар Чин беш аз 3 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунад

Хабари хуб 27.11.2018 14:34

Бино ба гузориши хабаргузории давлатии “Синхуа”, ки яке аз калонтарин хабаргузориҳо дар Чин маҳсуб мешавад, замони ахир таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба омӯзиши забони чинӣ рӯ ба афзоиш аст.

Ин хабаргузорӣ ба баёни ин ки таваҷҷуҳи тоҷикистониён ба омӯзиши забони чинӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст, гузориш медиҳад, дар ҳоли ҳозир дар Чин беш аз 3 ҳазор донишҷӯи тоҷикистонӣ таҳсил мекунанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Чин ба дуввумин кишвари қабулкунандаи донишҷӯён аз Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Дар маводи нашркардаи “Синхуа” бо зикри таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишварҳои дигар ба забони чинӣ таъкид шудааст, ки он на танҳо ҳамчун пули фарҳангӣ, балки имкони хуб барои дарёфти кори беҳтар ба онҳо хидмат мекунад. 

Ин дар ҳолест, ки Чин дар соли таҳсили 2018-2019 бурсия барои донишҷӯён аз Тоҷикистонро зиёд карда, ба 350 адад расондааст.

Тибқи иттилоъи Вазорати маорифи Тоҷикистон, феълан дар муассисаҳои олии таълимии Чин беш аз 3000 донишҷӯи тоҷик таҳсил менамоянд.

Инчунин дар Тоҷикистон ду маркази илмию фарҳангии Конфутсий дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ки дар онҳо хоҳишмандон метавонанд забон, фарҳанг, расму ойин ва анъанаҳои халқи Чинро омӯзанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97