Гуфтугӯи телефонии Путин ва Меркел: баррасии вазъият дар баҳри Сиёҳ меҳвари муколама

Хабари хуб 27.11.2018 13:28

Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Ангела Меркел садри аъзами Олмон гуфт Маскав нисбат ба эълом кардани ҳолати низомӣ дар Украина нигаронии ҷиддӣ дорад.

Кохи Кремлин бо эъломи ин матлаб рӯзи сешанбе дар баёнияе навишт, ки раиси ҷумҳури Русия аз садри аъзами Олмон хостааст то ба давлати Киев дар мавриди ҳар гуна иқдоми насанҷида ҳушдор диҳад. 

Путин дар ин муколама ҳамчунин ибрози умедворӣ кардааст, ки давлати Берлин битавонад аз нуфузи худ бар мақомҳои укроинӣ истифода ва ба онҳо нисбат ба иқдомоти насанҷидаи баъдӣ огоҳӣ диҳад. 

Ин дар ҳоле аст, ки порлумони Украина рӯзи гузашта ба иҷрои тарҳи пешниҳодии Пётр Порошенко раиси ҷумҳури Украина дар робита ба иҷрои фармони ҳолати низомӣ рай мусбат дода буданд. Ин фармон аз имрӯз сешанбе ба муддати 30 рӯз дар Украина иҷро хоҳад шуд. 

Ин тасмим як рӯз пас аз рӯёрӯӣи миёни киштиҳои ҷангии Русия ва Укроин дар тангаи Керч дар баҳри Сиёҳ гирифта шудааст.

Равобити Украина ва Русия аз соли 2014 ва пас аз сарнагунии ҳукумати Виктор Янукович ба шиддат тира шуд. Русия дар ҳамон сол ва пас аз баргузории як ҳамапурсӣ, бо вуҷуди мухолифати ҷомеъаи ҷаҳонӣ нимҷазираи Қрими Украинаро ба қаламрави худ даровард. Аз чаҳор сол пеш, шарқи Украина ва ба вижа манотиқи Донбас ва Донетск амалан аз контроли давлати Киев хориҷ шуд ва таҳти сайтараи нерӯҳои низомӣ ва сиёсии ҳаводорони Русия қарор гирифт

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97