Узбекистон размоиши низомӣ баргузор мекунад

Хабари хуб 26.11.2018 10:23

Вазорати умури хориҷаи Узбекистон аз размоиши низомии ин кишвар дар торихи 26 ноябри соли ҷорӣ хабар дод.

Дар ҳамин росто, Узбекистон бо ирсоли як нота аз қасди худ барои имтиҳони омодагии ҷангии нерӯҳои низомиаш иттилоъ дода, кишварҳои ҳамсояаашро огоҳ кардааст, ки ин иқдом алайҳи ҳеч кишваре равона нашудааст.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон иттилоъ дод, ки нотаи ҷониби Узбекистонро дарёфт кардааст.

Узбекистон дар нотааш таъкид намудааст, пойбанди уҳдадориҳои қаблиаш дар назди кишварҳои дигар буда, санҷиши омодагии ҷангии артиш алайҳи ҳеч кишваре равона нашудааст.

Дар нотаи Вазорати умури хориҷии ин кишвар аз ҷумла омадааст: “Ҳадафи санҷиш баҳогузории омодагии ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Узбакистон мебошад”.

Қирғизистон таъкид намудааст, ки тамоми сохторҳои дахили кишварашро аз ин иқдоми Узбакистон огоҳ кардааст. Дар мавриди он, ки оё Узбакистон ҷониби Тоҷикистонро низ аз ин нияташ огоҳ кардааст ё не, дар ҳоли ҳозир иттилое расонаӣ нашудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97