Хурӯҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Урупо тавассути 27 кишвари урупоӣ тайид шуд

Хабари хуб 26.11.2018 08:45

Сарони Иттиҳодияи Урупо рӯзи гузашта дар иҷлоси муштараки худ дар Брюссел ба таври расмӣ тавофуқи Брексит (хурӯҷи Бритониё) ро тайид карданд.

Дар ин ҷаласа сарони 27 кишвари урупоӣ мувофиқати худро бо тавофуқномаи 500 сафҳаӣи хурӯҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Урупо ва ҳамчунин баёнияи 26 сафҳаӣи замимаи он дар робита ба равобити тиҷории ояндаи он эълом доштанд. Ин кишвар бояд рӯзи 29-уми марти соли 2019 аз ҳайати Иттиҳодияи Аврупо берун шавад. Санади дуввум, эъломияи сиёсии байни ду тараф дар бораи ҳадафҳои ягона ва ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Бритониё аст.

Хурӯҷи ниҳоӣи Бритониё аз Иттиҳодияи Урупо ҳанӯз барои ниҳоӣ шудан ба мувофиқати маҷлиси намояндагони Бритониё ниёд дорад.

Раҳбарони Урупо тай дирӯз ва имрӯз аз маҷлиси намояндагони Бритониё хостаанд тавофуқи Брексит ироа шуда тавассути Тереза Мей нахуствазири ин кишварро тайид кунад.

Жан Клод Юнкер райиси комиссияи Урупо дар посух ба хабарнигорон бо трагедия хондани хурӯҷи Бритониё аз Итттиҳодияи Урупо барои ҳар ду тараф гуфт, ки итминон дорад маҷлиси Бритониё бастаи пешниҳоде барои Брекситро тайид хоҳад кард.

Шумори умдае аз намояндагони маҷлиси Бритониё қабл аз ин мухолифати худро бо тарҳи Брексит пазируфта шуда тавассути Терезе Мей иброз карда буданд.

Марк Рютте нахуствазири Ҳоланд, ки кишвараш шарики тиҷори қобили таваҷҷуҳи Бритониё ба шумор меравад низ изҳор дошт, ҳеч кас баранда нест, ҳама бозандаем, аммо ин тавофуқ як муфоҳимаи (якдигарфаҳмӣ) қобили қабул аст, ки ба хонум Мей фурсате барои дастёбӣ ба роҳи ҳаллро додааст.

Ҳамчунин Доналд Туск дабири иҷлоси сарони Иттиҳодияи Урупо дар Брюссел бо ишора ба ин мавзуъ гуфт, ҳеч кас далеле барои хушҳолӣ наҳохад дошт, аммо дӯстон то ба охир дӯст боқӣ хоҳанд монд.

Истилоҳи Брексит ва ё Брекзит як ибораи инглисӣ буда аз ду ҳарфи аввали калимаи “Бритониё” ва калимаи"exit" (хурӯҷ, хориҷ шудан) ташкил шудааст. Ин истилоҳ ба хурӯҷи Англия аз Иттиҳодияи Урупо ишора мекунад.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97