Даври навбатии музокироти сулҳи Сурия 28 ноябр дар Остона баргузор мешавад

Хабари хуб 24.11.2018 09:33

Вазорати хориҷаи Қазоқистон рӯзи гузашта эълом кард, ёздаҳумин даври музокироти сулҳи Сурия мавсум ба “Остона ёздаҳ” рӯзҳои 28 ва 29 ноябри соли ҷорӣ дар пойтахти Қазоқистон баргузор хоҳад шуд.

Ин ниҳод хотирнишон кард, ки нишасти “Остона ёздаҳ” бо ҳузури намояндагони се кишвари зомини раванди сулҳ дар Сурия шомили Эрон, Русия ва Туркия дар Остона баргузор мешавад.

Музокироти Остона аз январи соли 2017 бо ибтикори Эрон ва ҳамкории Русия ва Туркия бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия оғоз шудааст.

Ин се кишвар ба унвони кишварҳои зомини сулҳи Остона ба дунболи роҳе барои ҳаллу фасли ҷанги ҳаштсола дар Сурия ҳастанд ва то кунун тавонистаанд мухолифон ва мувофиқони давлати Сурияро дар қолаби нишасти гуфтугӯҳои сурӣ- сурӣ канори якдигар ҷамъ кунанд.

Ин иқдом асарбахштарин талоши байналмиллалӣ барои поён додан ба бӯҳрон дар Сурия маҳсуб мешавад.

Охарин нишасти се ҷонибаи музокиракунандагони аршади Эрон, Русия ва Туркия дар раванди Остона чанде қабл дар маҳали вазорати хориҷаи Русия баргузор шуд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97