Будҷаи Тоҷикистон барои соли 2019 ба тасвиб расид

Хабари хуб 23.11.2018 16:22

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо пешниҳоди ҳукумати ин кишвар будҷаи давлат барои соли 2019- ро ба тасвиб расонд.

Тибқи ин будҷаи ба тасвибрасида барои соли 2019, даромади Тоҷикистон дар соли оянда 23 миллиарду 774,1 миллион сомониро ташкил хоҳад дод, ки нисбати будҷаи солио ҷорӣ 13,2 фоиз ё ба иборати дигар 2 миллиарду 771 миллион сомонӣ бештар аст.

Бар асоси гузориши дафтари матбуъотии Маҷлиси намояндагон, дар будҷаи соли 2019 ҳаҷми умумии хароҷот 24 миллиарду 165,1 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбати соли ҷорӣ  2 миллиарду 827,7 миллион сомонӣ зиёдар мебошад.

Ба таъкиди ин манбаъ, зимни таҳияи будҷа барои соли оянда қурби як доллари амрикоӣ 9,7 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Бар асоси буҷаи қабулгардидаи соли 2019, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ,  7,6 фоиз зиёд шуда, ба 78,2 миллиард сомонӣ мерасад.

Меъёри таваррум 6,3 фоиз ва қурби миёнаи солонаи пули миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ 9,7 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Қаҳҳорзода Файзиддин вазири молияи Тоҷикистон ва намояндагони парлумон зимни баррасии будҷаи соли 2019 изҳор доштаанд, ки маблағи будҷа пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сифати некуаҳволӣ, таъмини амнияти давлат ва амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сифати таълиму хизматрасонӣ, беҳтар гардонидани саломатии аҳолӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла маблағгузории соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти идоракунӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ равона карда мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97