Фармондеҳи ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия даргузашт

Хабари хуб 23.11.2018 15:52

Расонаҳои хабарӣ аз даргузашти Игор Коробов фармондеҳи ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар рӯзи гузашта хабар медиҳанд.

Игор Коробов дар замони марг 62 сол дошт. Артиши Русия бо судури баёнияе эълом кард, ки ин фармондеҳ пас аз дасту панҷа нарм кардан бо як бемории сахт ҷони худро аз даст дод.

Вай дар торихи 3 январи соли 2016 пас аз марги Игор Сергун ба симмати фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия мансуб шуд.

Бино ба иттилоъоти расмӣ, Игор Сергун дар минтақаи Маскави Русия замоне ки ба истироҳат машғул буд, аз бемории шадиди қалб ҷони худро аз даст дод.

Хабари даргузашти ин мақоми олирутбаи артиши Русия дар ҳоле мунташир мешавад, ки созмонҳои амниятии урупоӣ идораи иттилоъоти нерӯҳои мусаллаҳи ин кишварро масъули ҳамлаи кимиёӣ алайҳи Сергей Искирипол ва духтараш дар шаҳри Салзбурги Англия медонанд. Дастгоҳи қазоӣи Англия барои ду афсари ин созмон ба иттиҳоми мушоракат дар ҳамла бо гоз қарори боздошти онҳоро содир кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97